КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР ВА АМНИЯТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲАВВУЛОТИ ГЕОПОЛИТИКӢ»

30

Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 26-уми сентябри соли 2025 конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Нақши дипломатияи Тоҷикистон дар таъмини рушди устувор ва амният дар Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ» баргузор намояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  • дипломатияи Тоҷикистон ҳамчун абзори таъминкунандаи суботи минтақавӣ ва рушди устувор.
  • таъсири таҳаввулоти геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон.
  • ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар масъалаҳои амният.
  • дипломатияи иқтисодӣ ва рушди устувор: афзалиятҳои Тоҷикистон.
  • масъалаҳои марзӣ ва роҳҳои дипломатии ҳалли онҳо.
  • дипломатияи энергетикӣ ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ.
  • хатарҳо ва чолишҳои амнияти муосир дар минтақа: нақши дипломатия дар ҳалли онҳо.

Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

  • формат: A4, ҳошия 20 мм.
  • ҳуруф: Times New Roman, андоза 14.
  • фосилаи байни сатрҳо: 1,5.
  • ҳаҷм: на зиёда аз 20 саҳифа (аз ҷумла тасвирҳо, ҷадвалҳо ва рӯйхати адабиёт).
  • хулоса ба се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ).
  • рӯйхати адабиёт бо тартиби алифбоӣ оварда шуда, истинодҳо дар шакли [2, с.45] ишора карда шаванд.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Тартиби пешниҳод намудани мавод: барои иштирок дар конференсия, бояд матни мақола/тезисҳо то 1-уми сентябри соли 2025 ба почтаи электронии farrukh.n.salimov@mail.com ирсол карда шавад.

Ҳамаи маводҳое, ки аз ҷониби кумитаи тадорукот тасдиқ мегарданд, дар маҷмуаи мақолаҳои конференсия нашр ва дар пойгоҳҳои маълумотии илмӣ (аз ҷумла eLibrary.ru) ҷой дода мешаванд.

Телефон: +992 918 61 48 86; +992 918 97 31 81