КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ШИНОХТИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ»

38

Кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи санаи 9-уми октябри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва нақши он дар шинохти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ» баргузор менамояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасй мешаванд:

  • «Шоҳнома» сарчашмаи омӯзиши таърихи тоҷикон ва ақвоми ориёӣ;
  • ҳисси миллию ватандӯстӣ дар «Шоҳнома»;
  • «Шоҳнома» ва забони форсӣ-тоҷикӣ;
  • «Шоҳнома» ва худшиносии миллӣ;
  • симои қаҳрамонҳои миллӣ дар «Шоҳнома»;
  • таърихи Пешдодиён дар «Шоҳнома»;
  • таърихи Каёниён дар «Шоҳнома»;
  • инъикоси таърихи Сосониён дар «Шоҳнома»;
  • забткориҳои арабҳо дар «Шоҳнома»;
  • ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома»;
  • вожаҳои этникӣ дар «Шоҳнома»;
  • «Шоҳнома» – номаи паҳлавонӣ ва худшиносӣ;
  • Эрон ва Турон дар «Шоҳнома»;
  • оин, анъанаҳо ва дашнвораҳои миллӣ дар «Шоҳнома»;
  • лашкар ва санъати ҳарбӣ дар «Шоҳнома»;
  • тараннуми ҷавонмардӣ дар «Шоҳнома»;
  • номҳои миллии ориёӣ дар «Шоҳнома».

Талабот нисбати маърузаҳое, ки барои нашр пешниҳод мегарданд

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байни сатрӣ 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо аз 6 то 8 саҳифа (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил, почтаи электронӣ ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 1-уми сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи аслияти матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводи конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 501 14 99 91; +992 502 14 99 91. Почтаи электронй: shoinbek85@mail.ru