КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛИРО ДАР МАВЗУИ «ФЛОРАИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ БОЭЪТИМОДИ ТАҲИЯИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ»

41

Кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 14-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Флораи Тоҷикистон – сарчашмаи боэътимоди таҳияи маводи доруворӣ» баргузор намояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • флораи Тоҷикистон – сарчашмаи маводи доруворӣ;
  • стандартикунонии моддаҳои фаъоли биологӣ;
  • таҳқиқи бозори маводи дорувории растанигӣ;
  • танзими ҳуқуқии бадастории ашёи хоми табиӣ ва таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳо;
  • ҷанбаҳои технологии таҳияи маводи дорувории растанӣ ва таҳқиқи биофарматсевтии онҳо;
  • фармакологияи моддаҳои фаъоли биологии табиӣ ва маводи доруворӣ дар асоси онҳо.

Талабот барои маърузаҳои ба чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷойи кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с. 25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 1-уми сентябри соли 2025 ба кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводди конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, бинои 3, факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 909 09 65 51; +992 888 14 99 99. Почтаи электронӣ: r.malika@inbox.ru