КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ НАҲВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

28

Кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 21-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масъалаҳои наҳви забони тоҷикӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор намояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  • масъалаҳои назариявии наҳви забони тоҷикӣ;
  • вижагиҳои наҳвии забони назм;
  • вижагиҳои наҳвии забони насри бадеӣ;
  • вижагиҳои наҳвии забони ВАО;
  • банди наҳвӣ;
  • масъалаҳои назарӣ ва таснифоти ҷумлаҳои мураккаб;
  • масъалаҳои баҳсноки муродифоти наҳвӣ;
  • масъалаҳои сермаъноии ҷумлаҳои пайрав.

Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуюм саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 10);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забони маърузаи пешниҳодшуда);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 09 сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад.

Маводи конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафтуомад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 935 32 44 55; +992 985 62 84 68. Почтаи электронӣ: мehrod0690@mail.ru