
Бо ташаббуси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба “Шоҳмот” барои дарёфти “Ҷоми Ректор” баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки миёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ баргузор шуд, 16 муассисаи таҳсилоти олии пойтахти кишвар иштирок намуданд.
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқа фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихории аввал ва дуюм гардид. Ба ҳайати дастаи ғолиб шахсони зерин шомил буданд:
- Додобоев А. – ходими илмии ИИТ,
- Сатторов А. – муаллими калони кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ,
- Ғиёсов С. – китобдор,
- Гадоев С. – ассистенти кафедраи химияи таҳлилӣ,
- Каримов Р. – муаллими калони кафедраи усули таълими кимиё.
Дастаи Донишгоҳи миллӣ бо ҳамоҳангии хуб дар бозӣ тавонист мақоми аввалро соҳиб гардад.