
Имрӯз, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки то 31-уми май дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, семинари омӯзишӣ ва ё лексияи кушод баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки хонум Мусонда Мумба – Котиби иҷроияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба заминҳои обию ботлоқӣ (Конвенсияи Рамсар) доир шуд.
Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ва магистрон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ширкат варзиданд.
Семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Таъсири обшавии пиряхҳо ба экосистемаҳои ботлоқзор, барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистемаҳои ботлоқзор барои оянда” баргузор гардид. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар самти нақши ҳаётан муҳимми ботлоқзорҳо ва пиряхҳо дар экосистема, инчунин, зарурати ҳифзу барқарорсозии онҳо буд.
Дар оғоз, хонум Мусонда Мумба суханронӣ намуда, аз таҷрибаи кишварҳои гуногун дар мавриди ҳифзи заминҳои ботлоқӣ ва мубориза бо обшавии пиряхҳо андешаронӣ кард. Вай ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ташаббусҳои экологӣ таъкид намуд.
Сипас, декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Андамиён Р.Ш. бо такя ба таҳқиқоти илмии дохилӣ ва байналмилалӣ, роҷеъ ба тағйирёбии иқлим, таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон ва ҳолати экосистемаҳои вобаста ба онҳо, аз ҷумла ботлоқзорҳо, маълумот пешниҳод намуд.
Дар идомаи суханронии худ, ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, махсусан дар масъалаи об ва пиряхҳо, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, аз қабили Эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) гувоҳи равшани мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ ба шумор мераванд.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И.Ш. зимни суханрониаш изҳор дошт, ки ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои вобаста ба онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати экологӣ ва амнияти экологӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Вай ҳамчунин ба нақшаҳо ва барномаҳои стратегии ҳукумат дар ин самт ишора кард. Зикр шуд, ки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонии ҷомеаи байналмилалӣ рӯи кор меоянд ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Ин чорабинии омӯзишӣ, ки бо муҳокимаҳои фаъол ва суолу ҷавобҳои судманд анҷом ёфт, ба ҳайси як минбари муҳим барои мубодилаи дониш, таҷриба ва андешаҳои созанда хидмат кард. Он заминаи мусоид фароҳам овард, то донишҷӯён, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа бо масъалаҳои мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва зарурати ҳифзи экосистемаҳои нозуки табиӣ – аз ҷумла ботлоқзорҳо – аз наздик шинос гардида, дар ин замина дониш ва ҷаҳонбинии экологӣ касб намоянд.