
Санаи 21 ноябр, ҳайати расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода Сафармамад ва директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ, профессор Одинаев Раим Назарович бо сафари корӣ ба Донишгоҳи миллии Узбекистон сафар карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳкими ҳамкориҳои стратегии академӣ табодули назар намуда, масъалаҳои муҳим ва дурнамосозро дар муҳити созанда баррасӣ карданд. Аз ҷумла, мавзуҳои зерин муҳокима гардиданд:
1. Роҳандозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ дар самтҳои физика ва химия;
2. Амалӣ намудани барномаҳои дурнамои илмӣ ва илмӣ-амалӣ дар доираи имкониятҳои мавҷудаи ҳар ду тараф;
3. Ба роҳ мондани барномаи мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон бо мақсади ғанисозии таҷрибаи таълимӣ ва таҳқиқотӣ;
4. Густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ, бахусус дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқотии ду донишгоҳ.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо нақшаи муштараки амалҳои минбаъдаро муайян намуда, омодагии худро барои иҷрои босамари ҳадафҳои таълимӣ ва илмӣ таъкид карданд.
Сипас ҳайат аз лабораторияҳои факултетҳои химия ва математика боздид ба амал оварда, бо имкониятҳо ва дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ошно гардид.
Ин иқдом қадами муҳиме дар рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни ду муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.








