РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТҲОИ МУҲИММИ ИЛМ

15

24 ноябри соли 2025, дар доираи сафари кории муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сафармамадзода С.М., ва директори Институти илмию таҳқиқотии ДМТ профессор Одинаев Р.Н. ба Ҷумҳурии Узбекистон, мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Самарқанд баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии ду донишгоҳ мубодилаи назар намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи иқдомҳои муштарак барои тақвияти робитаҳои мутақобила иброз карданд.

Дар ҳамин замина, зарур дониста шуд, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд боз ҳам таҳким дода шаванд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки химия, физика, математика, информатика, зеҳни сунъӣ, дорусозӣ ва дигар илмҳои бунёдӣ равона гардид. Ҷонибҳо ҳамзамон изҳор доштанд, ки омодаанд барномаҳои табодули академии омӯзгорон, унвонҷӯён ва докторантони Ph.D-ро ба роҳ монанд.