ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

18

Имрӯз (04.12.2025) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар ғолиб гардида, чор нафари онҳо соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.

Натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки ба озмун кӯдакон ва наврасон бештар таваҷҷуҳ намуда, ба китобу дониш рӯ овардаанд. Ғолибияти 57 нафари онҳо дар даври ниҳоии озмун гувоҳи ин гуфтаҳо аст. Аз ҷумла, 4 гирандаи Шоҳҷоиза хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳастанд. Ба ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад.

«Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд», -изҳор намуд муовини Сарвазири Тоҷикистон.

Имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт.

Ба таъкиди Дилрабо Мансурӣ, иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирӣ аст.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар даври ниҳоии озмун 434 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ буданд ва ба таври маҷозӣ (онлайн) ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух доданд.

Дар озмун дастаи Донишгоҳи миллӣ сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ: Насруллоев Зоир Раҳматуллоевич – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ аз номинатсияи адабиёти классик соҳиби ҷойи 2-юм ва Ғаффорова Нигора – донишҷӯйи курси 2-юм ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.