Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Бартараф кардани нигарониҳои экологӣ, ниёзҳои ҷомеа ва идоракунии хуб дар бахшҳои маориф ва шуғли Осиёи Марказӣ» (Bridging Environmental Concerns, Societal Needs, and Good Governance in Central Asian Education and Employment Sectors) дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамгироии принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии босифат: идоракунии хавфҳо» оғоз гардидааст.
Имрӯз (10.12.2025) дар идомаи семинар намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд:
-Идоракунии хавфҳои ESG: фаҳмиши умумӣ ва моҳияти онҳо
-Консепсияҳо ва чаҳорчӯбаҳои амалкунандаи ESG
-Усулҳои арзёбии хавфҳо ва роҳҳои коҳиши онҳо
-Стратегияҳои коҳиш додани хавфҳои ESG ва татбиқи амалии онҳо дар муассисаҳо ва ташкилотҳо.
Аксҳо:










