ВОХӮРИИ МАЪРИФАТӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ

37

Вохӯрии садорати факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, журналистика ва забонҳои Осиё ва Аврупо бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. дар хобгоҳҳои №6 ва №8 бо иштироки фаъоли донишҷӯён баргузор гардид. Ин мулоқот ҳадафи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии донишҷӯёнро дошта, як қатор масъалаҳои муҳимми рӯзро фаро гирифт.

Дар вохӯрӣ профессор Сафармамадзода С.М., доктори илмҳои филология, профессор Равшан Раҳмонӣ, устоди факултети таърих Шарифзода Ҷ., устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Мирализода И., ҳамчунин мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Давлатов М. суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ солгарди фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон – 10 декабр мавриди таҳлил ва шарҳи муфассал қарор гирифт. Баррасӣ гардид, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши умумибашарӣ дар ҷомеаи имрӯзӣ то чӣ андоза муҳим буда, чӣ гуна донишҷӯён метавонанд дар ин самт саҳми худро гузоранд. Яке аз мавзуъҳои марказии мулоқот омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 буд.

Масъулин зарурати таҳкими дониш ва захираҳои фарҳангии ҷавононро таъкид намуда, донишҷӯёнро барои иштирок ва пешбарӣ дар ин озмуни бонуфуз ҳавасманд карданд. Зикр шуд, ки бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳ донишҷӯе, ки дар озмуни мазкур иштирок ва ғолиб меояд, аз шартномаи хобгоҳ ба пуррагӣ озод карда мешавад. Илова бар ин, ҳавасманд гардонида мешавад.

Дар зимн масъулин ба донишҷӯён оид ба ахлоқи донишҷӯӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, иштироки фаъол дар ҳаёти илмӣ-фарҳангии Донишгоҳ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тавсияҳои муфид ироа намуданд.