НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ БАР ФУРӮШ ВА ИСТИФОДАИ МАВОДИ ЗАРАРОВАР

11

Имрӯз (07.03.2026) зимни баргузории ҷаласаи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба садорати факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои хоҷагӣ вобаста ба фаъолияти бахшҳои хӯроки умумӣ ва марказҳои савдо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба назорати фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва таъмини риояи қонунгузории кишвар дар самти пешгирии паҳншавии маводи зараровар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳ зарурати пурзӯр намудани корбарӣ ва назорати ҷиддиро дар самти пешгирии фурӯши сигорҳои электронӣ, маҳсулоти тамоку, таблеткаҳои синтетикӣ ва дигар моддаҳои хатарнок, хусусан кристал, миёни ҷавонон-донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар тамоми сохторҳои Донишгоҳ иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бояд ба таври ҷиддӣ ва мунтазам таъмин карда шавад.

Дар идомаи ҷаласа мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б. доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқии масъалаҳои мавриди назар суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба паёмадҳои манфии истифодаи сигорҳои электронӣ ва маҳсулоти тамоку барои саломатии ҷавонон ҷалб намуд. Ӯ зикр кард, ки тибқи таҳқиқоти соҳаи тиб истифодаи мунтазами чунин маҳсулот метавонад ба саломатии инсон, махсусан ҷавонон, зарари ҷиддӣ расонида, боиси пайдоиши бемориҳои роҳҳои нафас, дилу рагҳо, шуш ва ҳатто бемориҳои саратонӣ гардад.

Дар анҷоми ҷаласа барои пурзӯр намудани назорати мунтазам дар нуқтаҳои гуногуни Донишгоҳ ба масъулини дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки пешгирии паҳншавии маҳсулоти зараровар ва ҳифзи саломатии донишҷӯён бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои Донишгоҳ бошад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи тиб ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию тиббии ҷавонон талаботи замон мебошад. Масъулини сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи ин тадбирҳо чораҳои мушаххас андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни устодону кормандон ва донишҷӯён тақвият бахшанд.