Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 73
СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040
1. Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд – Стратегияи мазкур) ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.
2. Стратегия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, таҳия гардидааст.
3. Мақсадҳои афзалиятноки Стратегия пешгирии барвақтии экстремизм (дар мактаб, ҷомеа ва оила), коҳиш додани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда, тақвияти корҳои пешгирикунанда бо гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонписарон, духтарон ва занон, таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа, офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон мебошад.
4. Шартҳои муҳимми ба амал баровардани тадбирҳо оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар доираи Стратегия мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи гурезаҳо, баробарӣ ва манъи табъиз, ба инобат гирифтани ҳассосияти гендерӣ, озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбанд.
БОБИ 2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ МАВҶУДА
§1. Дастовардҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм
5. Таҷрибаи андӯхтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти ғайритасодуфӣ ва гуногунҷабҳа буда, натанҳо дар зеҳнияту таффакури ашхоси алоҳида, балки дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, муҳит, муносибот, таълиму тарбия, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таъсири беруна ва ғайра реша дошта, комёбӣ дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмуиро тақозо менамояд.
6. Бо дарки ин воқеият, Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмуии давлатии худро дар ин самт бо роҳи қабули стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраҳои муайян роҳандозӣ намудааст.
7. То ин дам дар ин самт ду стратегияи миллӣ – барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
8. Бо қабул ва амалӣ намудани стратегияҳои мазкур:
– муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ки то давраи оғози раванди банақшагирии стратегии сиёсати давлатӣ дар ин самт асосан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ба амал бароварда мешуд, ба вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа табдил ёфта, самтҳои асосии ин сиёсат ва вазифаҳои ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ин самт муайян ва фаъолияти онҳо мақсаднок равона карда шуд;
– дар байни кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои васеи маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ тарғиботӣ гузаронида шуда, дар ҷомеа дарки дурусти зуҳуроти мазкур, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулнопазирӣ ва масъулияти дастҷамъӣ дар муқобили ифротгароӣ ташаккул дода шуд;
– дар қатори барномаҳои умумимиллӣ (стратегияҳо) барномаҳои соҳавӣ ва маҳаллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва амалӣ гардида, бо чорабиниҳои пешгирикунӣ (профилактикӣ) тамоми соҳаҳо, минтақаҳо ва гурӯҳҳои осебпазир фаро гирифта шуданд;
– ба ҳайси механизми нави ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар гурӯҳҳои машваратӣ оид ба пешгирии экстремизм аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавонон, фаъолзанон, омӯзгорон, ходимони динӣ, кормандони иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма таъсис дода шуданд;
– масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм мавриди таҳқиқотҳои васеи илмию таҳлилӣ ва сотсиологӣ қарор дода шуда, доир ба ин мавзуҳо 14 рисолаҳои номзадию докторӣ ва 155 рисолаҳои дипломӣ ҳимоя карда шуданд;
– бо мақсади такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳо оид ба мутобиқсозии қонунгузории кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор барномаҳои давлатӣ ва қонунҳо қабул гардида, оид ба амалисозии 7 конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ҳисоботҳои миллӣ пешниҳод ва муаррифӣ гардиданд;
– «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ вусъати тоза бахшида, чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ шаклу мазмуни нав касб намуданд;
– баҳри фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбия, таъмини эҳтиёҷоти фарҳангӣ ва истироҳату фароғати ҷавонон ҳамчун шарти муҳими пешгирии рӯҳияи ифротгароӣ тайи се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ ва 175 иншооти фарҳангӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд;
– вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ барномаҳо ва модулҳои дахлдори таълимӣ ворид карда шуда, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон дар ин самт ба таври назаррас баланд бардошта шуд;
– ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ зиёда аз 20 сарчашмаҳои муътабари динӣ ва асарҳои мутафаккирони бузурги исломӣ нашр ва ба аҳолӣ дастрас гардонида, барои адои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва умра шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар таъмини субот, ризояту ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии экстремизм дар ҷомеа хеле фаъол гардиданд;
– дар раванди солҳо оид ба бартарафсозии сабабу шароитҳои иҷтимоию иқтисодии экстремизм ва терроризм дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7,7 дарсад расонида шуда, ҳаҷми даромадҳои аҳолӣ 3 баробар, музди миёнаи меҳнат 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 21,5 дарсад поён фароварда шуд;
– ҷиҳати баланд бардоштани омодагии томуҳоҷиратии шаҳрвандон аз тарафи мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират силсилаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, забономӯзӣ, саводнокии ҳуқуқӣ ва молиявии онҳо баргузор карда шуданд;
– дар доираи корҳо оид ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ шароитҳои кору истироҳат ва таълим барои маҳкумшудагон беҳтар карда шуда, як қатор коргоҳҳои истеҳсолӣ, ошхонаҳои замонавӣ, хобгоҳҳо, мактаби миёна, варзишгоҳҳо дар муассисаҳои соҳа бунёд ва шумораи воҳидҳои кории тарбиявӣ, бахусус дар самти пешгирии дохилимаҳбасии экстремизм зиёд карда шуданд;
– занон ва духтарон ҳамчун категорияи осебпазири ташвиқоти экстремистӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани фаъолнокии сиёсию иҷтимоии онҳо тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд;
– чораҳои муқовимат ба истифодабарии шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ тақвият бахшида, ҷиҳати пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ зиёда аз 4000 видеонаворҳои кӯтоҳ омода ва тариқи шабакаҳои ичтимоӣ паҳн карда шуда, инчунин тавассути тамоми провайдерҳои алоқаи мобилӣ ба сокинони кишвар беш аз 8 миллион смс-паёмакҳо дар бораи тарзу усулҳои вокуниш ба фишори экстремистӣ ирсол карда шуданд;
– дар давраи солҳои 2019-2024 аз минтақаҳои ҷангзада дар чор марҳила 381 нафар занону кӯдакон ба Ватан баргардонида шуда, бо чораҳои офиятбахшӣ, солимгардонии тиббию равонӣ, касбомӯзӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд;
– аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта барои солҳои 2024-2028, инчунин Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд;
– дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (23.12.2021), «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (15.03.2023), «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» (22.06.2023) ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (24.12.2022) мавриди амал қарор дода шудаанд;
– бо мақсади тақвияти ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм моҳи апрели соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд;
– дар самти ошкорсозӣ ва таъқиби фаъолияти экстремистӣ-террористӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳу лавозимоти ҷангӣ, маблағгузории терроризм ва ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудани маводи экстремистӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд;
– амнияти зиддитеррористӣ ва муҳофизати зиддидиверсионии иншоотҳои махсусан муҳим ва стратегӣ тақвият бахшида шуда, инфрасохтори сарҳадӣ дар марзи давлатӣ бо Афғонистон ҷиддан мустаҳкам карда шуд;
– дар давоми 5 соли охир Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Маҷористон, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Покистон, шоҳигариҳои Малайзия ва Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, давлати Қатар ва ғайра дар соҳаҳои амниятӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм шартномаҳои байналмилалӣ ба имзо расонидааст.
9. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо:
– суботу ҳамдигарфаҳмӣ, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм тақвият ёфтанд;
– шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди дигар кишварҳо ҷиддан коҳиш ёфта, ҳалқаҳои хуфтаи ташкилотҳои террористӣ асосан ошкору бартараф ва имкониятҳои даст задан ба амалҳои террористӣ дар дохили кишвар ҷиддан маҳдуд карда шуданд;
– эҳсоси амнияти шаҳрвандон ва боварии онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзуда, тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ дар сархатти кишварҳои барои зиндагӣ амнтарини ҷаҳон мавқеи устуворро касб намудааст;
– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои дар масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муваффақи ҷаҳон эътироф ва пойтахти мамлакат мунтазам маҳалли баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ интихоб гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ин чорабиниҳо ҳамчун минбари нави ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бо номи «Раванди Душанбе» эътироф гардидааст.
§2. Масъалаҳои ҳалношуда ва таҳдидҳои навин
10. Мусаллам аст, ки аксар омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда хусусияти бардавом дошта, бартараф намудани онҳо муҳлати зиёд ва чораандешии пайвастаро тақозо менамоянд.
11. Бисёр чорабиниҳои пешбининамудаи стратегияҳои қаблии муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳанӯз ба ҳадафҳои ниҳоии худ нарасида, сабабу омилҳои ба ин зуҳурот мусоидаткунанда дар соҳаи таълиму тарбия, муҳити динӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, кор бо занон ва оила, муқовимати иттилоотӣ, таъминоти ҳуқуқию ниҳодӣ ва дигар самтҳои интихобшуда боқӣ мондаанд.
12. Бар асари ин омилҳо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, шиддати ташвиқоти экстремистӣ тавассути шабакаи интернет, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ аз байн нарафтааст.
13. Дар партави вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳамзамон таҳаввули моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти кишвар ба назар мерасад.
14. Баъди шикасти ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» ва ташкилотҳои дигари террористӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилотҳо дар Афғонистон ҷамъ омада, ба амният ва суботи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа хатари ҷиддиро ба миён овардаанд.
15. Аз ҷониби ҷангиёни тоҷиктабори ин гурӯҳҳо дар як қатор кишварҳои хориҷӣ амалҳои мудҳиши террористӣ содир гардида, якчанд маротиба кӯшишҳои рахна намудани сарҳади давлатӣ, ташкил ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
16. Иштироки фаъоли ҷангиёни тоҷиктабор инчунин дар гурӯҳи «Таҳрир-уш-Шом», ки айни ҳол қудратро дар кишвари Сурия ба даст овардааст, ба назар расида, ин ҳолат барои амнияти Тоҷикистон таҳдиди нав эҷод намуда метавонад.
17. Вақтҳои охир маблағгузории бевоситаи гурӯҳҳои террористӣ бо истифодаи пули нақд ва интиқоли маблағ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ҷиддан коҳиш ёфта бошад ҳам, унсурҳои террористӣ ва пайравони онҳо ба тарзу усулҳои пинҳонкоронаи маблағгузории терроризм, пинҳон доштани манбаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби маблағҳои аҳолӣ бо ин мақсад рӯй овардаанд.
18. Гурӯҳҳои мазкур шаҳрвандони алоҳидаро оид ба моҳият, мақсад ва суроғаи маблағҳои пардохтшаванда ба гумроҳӣ андохта, тавассути кортҳои бонкии онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ маблағ интиқол медиҳанд. Ҳамзамон онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳ ва камбизоатро барои бо номи худ кушодан ва ба маблағҳои ночиз ба онҳо фурӯхтани миқдори зиёди кортҳои бонкӣ ҳидоят намуда, баъдан аз ин кортҳо барои маблағгузории ташкилотҳои террористӣ истифода мебаранд.
19.Таҳдиди дигар дар ин самт вусъат ёфтани истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун василаи паҳн кардани идеология зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм, бахусус дар байни наврасону ҷавонон мебошад, ки он дар замири онҳо майли бо роҳи хушунат ва зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо ва рӯй тофтан аз ҳалли осоиштаи баҳсҳоро дар ҳаёти воқеӣ ба миён меорад.
20. Гурӯҳҳои террористӣ бозиҳои маъмулии компютериро ҷиҳати сафедкунии терроризм, мағзшӯии ҷавонон, ҷалби онҳо ба сафҳои худ ва дастгирии молиявии терроризм истифода мебаранд.
21. Бозиҳои мазкур дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ ё маҳдуд карда шуда бошанд ҳам, дар Тоҷикистон чунин маҳдудиятҳо то ҳол ҷорӣ нагардида, ташаккули қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи кӯдак аз иттилооти барои саломатӣ ва рушди онҳо зараровар дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад.
22. Ҳолатҳои номбурда ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ монда, зарурати таҳия ва қабули Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризмро барои давраи тӯлонитар, яъне то соли 2040 ба миён овардаанд.
БОБИ 3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ
23. Ҳадафи Стратегия ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар заминаи ташаккули низоми самараноки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои экстремизм ва терроризм мебошад.
24. Вазифаҳои Стратегия инҳо мебошанд:
– муайян намудани иқдомоти минбаъда дар ин самт дар заминаи таҳлили таҷрибаи миллии банақшагирии маҷмуии муқовимат ба экстремизм ва терроризм;
– идома додан ва ба шароитҳои кунунӣ мутобиқ намудани тадбирҳои дарозмуддат ва масъалаҳое, ки дар ҷараёни амалӣ намудани стратегияҳои қаблӣ дар ин соҳа ҳалли пурраи худро наёфтаанд;
– арзёбии таҳдидҳои навини экстремизм ва терроризм, коркарди тадбирҳои муносиби вокуниш ба онҳо;
– муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ниҳодҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ доир ба бартараф намудани таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;
– баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, (ҷомеаҳои маҳаллӣ), соҳаи маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дар пешгирии барвақтии рӯҳияи экстремистӣ, аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар муҳити динӣ, фазои маҷозӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти тадбирҳо оид пешгирии маблағгузории терроризм, офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда ё гузаштаи экстремистию террористидошта, такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодӣ ва амалияи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилаллӣ дар ин самт.
БОБИ 4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК, НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ ВА ХАВФҲОИ ЭҲТИМОЛИИ СТРАТЕГИЯ
§1. Такмили тадбирҳои пешгирикунанда ва заминаҳои пешгирии барвақтии экстремизм
25. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ афзалияти чораҳои пешгирикунандаро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм эътироф намуда, мутобиқати чораҳои пешгирӣ ба хусусияти таҳдидҳои мавҷуда шарти муҳими ноил шудан ба комёбӣ дар ин ҷода маҳсуб меёбад.
26. Мубаллиғони созмонҳои экстремистию террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаҳои иттилоотӣ шаклҳои нави мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавононро ба сафҳои худ истифода намуда, тарзу усулҳои истифодашавандаи аксуламал ба онҳо чандон муодил ва муассир намебошанд.
27. Барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба пешгирии экстремизм то андозае қолабӣ буда, усулҳои ҳозиразамони муқовимати иттилоотӣ аз қабили таҳияву пахши видеонаворҳо ва аудиосабтҳои кӯтоҳи зиддиэкстремистӣ хеле кам истифода мешаванд.
28. Сомонаҳои расмии субъектҳои татбиқи Стратегия дар бисёр ҳолатҳо танҳо бо пахши маълумот оид ба чорабиниҳои расмӣ маҳдуд гардида, иттилооти тоза, фаъол ва таваҷҷуҳангезро доир ба пешгирии тундравӣ ва экстремизм хеле кам ба табъ мерасонанд.
29. Таҳқиқотҳои илмии олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба масъалаҳои марбут ба экстремизм барои истифода дар амалия чандон судманд набуда, аз натиҷаи таҳқиқот хулоса ва таклифҳо оид ба тарзу усулҳои нави пешгирии экстремизм кам пешниҳод карда мешаванд.
30. Тадқиқотҳои сотсиологию равоншиносӣ оид ба пешгӯии вазъи динӣ, рӯҳия ва ҳолати равонӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷиҳати муайян намудани дараҷа, сабаб ва манбаъҳои тундгароӣ ангуштшумор буда, мониторинги мавзуӣ дар ин соҳа айни ҳол ба роҳ монда нашудааст.
31. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар баъзе маҳалҳо барои таҳияи барномаҳои мукаммал ва судманди пешгирии экстремизм, ба мардум фаҳмонидани мазмуну моҳияти қонунгузорӣ, мафҳум ва таърифҳои дар ин соҳа истифодашаванда зарфиятҳои кофӣ надоранд.
32. Баланд будани сатҳи хурофотпарастӣ ва осебпазирии сокинон, бахусус занону духтарон аз ташвиқоти экстремистӣ, бахусус дар деҳот ба ҳанӯз ҳам нокифоя будани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ин самт далолат менамояд.
33. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия тадбирҳо ҷиҳати такмили боз ҳам бештари чораҳои пешгирии экстремизм идома дода шуда, дар ин самт тадбирҳои маҷмуии дорои хусусияти иттилоотӣ-методӣ, ташкилию ниҳодӣ ва илмию таҳлилӣ андешида мешаванд.
34. Аз ҷумла, дар ин раванд мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоаҳои маҳаллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста бо тарзу усулҳои самараноки амалисозии чораҳои пешгирӣ ва таҳияи барномаҳои соҳавию маҳаллии пешгирии экстремизм бо маводи иттилоотию тавзеҳотӣ таъмин карда, дар ин хусус бо онҳо мунтазам курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
35. Гурӯҳҳои машваратӣ оид ба пешгирии экстремизм дар маҳалҳо ҳамчун шакли асосии иштироки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии барвақтии экстремизм мавриди дастгирии ҳамаҷониба қарор дода шуда, таҳқиқотҳои илмӣ ва сотсиологию равоншиносӣ доир ба масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм вусъат дода мешаванд.
§2. Тақвияти нақши соҳаи маориф дар ташаккули худогоҳӣ ва тафаккури зиддифротии наврасону ҷавонон
36. Такмили низоми таълиму тарбия, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии сиёсӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, ташаккули худогоҳӣ ва тафаккури таҳлилӣ дар замири наврасону ҷавонон воситаи муҳими пешгирии хурофот, ифротишавӣ ва гаравидани онҳо ба ғояҳои иртиҷоӣ маҳсуб меёбад.
37. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда наврасону ҷавонон аз ташвиқоти экстремистӣ ҳанӯз ҳам осебпазир боқӣ монда, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ва даст задан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта асосан аз ҷониби намояндагони ҳамин категорияи аҳолӣ содир мегарданд.
38. Зуҳуроти мазкур гувоҳи ҳанӯз ҳам номукаммал будани низоми таълиму тарбия, сатҳи нокифояи дониш ва ҷаҳонбинии сиёсӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва нокифоя будани зарфиятҳои соҳаи маориф дар пешгирии экстремизм дар байни наврасону ҷавонон мебошад.
39. Бинобар ин, дар доираи Стратегия зарфиятҳои соҳаи маориф дар ин ҷода боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили донишҳои тахассусии омӯзгорон, пешгирии экстремизм, қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқ ба таҳсил тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
40. Дар ин раванд, стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар намуда, нақши муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ, тафаккури таҳлилӣ, саводи расонаӣ ва устувории ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон дар муқобили ривоятҳои ифротгароӣ, омӯзонидани рафтори бехатар дар интернет ва малакаи шинохти иттилооти бардурӯғ баланд бардошта мешавад.
41. Маҷмуаи ягонаи таълимию методии пешгирии экстремизм барои ҳама зинаҳои таҳсилот, ки маводди мутобиқсозишударо барои мактабҳо, коллеҷҳо, донишкадаву донишгоҳҳо бо дарназардошти ҷанбаи гендерӣ дар бар мегирад, таҳия ва амалӣ карда мешавад.
42. Барои омӯзгорон ва устодон оид ба саводи расонаӣ, амнияти рақамӣ ва ҳассосияти гендерӣ курсҳои такмили ихтисос баргузор карда, дар назди донишкадаву донишгоҳу марказҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ оид ба пешгирии экстремизм таъсис дода мешаванд, муҳаққиқон ва устодон- омӯзгорони ватанӣ ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ доир ба пешгирии экстремизм ҷалб карда мешаванд.
43. Риояи ҳуқуқ ба таҳсил ҳамчун воситаи муҳими пешгирии ифротгароӣ дар байни ноболиғону ҷавонон қотеъона пайгирӣ карда, риояи қонун ва ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону донишҷӯён дар мавриди қабул ва хориҷ намудан аз муассисаҳои таълимӣ, сифати таълим, шаффофияти имтиҳонҳо, тақсимоти квотаҳо, ситонидани маблағҳои пулӣ ва ғайра дар муассисаҳои соҳа мавриди назорати қатъӣ қарор дода мешавад.
§3. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими фарҳанги сиёсии аҳолӣ
44. Тақвияти мақоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии аҳолӣ шарти муҳими таъмини рафтори қонунии шаҳрвандон, суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва пешгирӣ намудани рӯҳияи тундгароӣ маҳсуб меёбад.
45. Дар робита ба ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили сиёсати давлатӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, такмили қонунгузории кишвар ва банақшагирии маҷмуии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.
46. Дар баробари ин, иҷрои Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумшурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, таҳти №643 тасдиқ шуда, ҳадафҳои асосии он шаффофияти идоракунӣ, дастрасии саривақтии аҳолӣ ба иттилоот ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошанд, дар баъзе мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.
47. Шумораи намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан аз ҳисоби маблағҳои грантии шарикони рушд фаъолият мекарданд, бар асари ба итмом расидани лоиҳаи дахлдори Барномаи рушди СММ хеле кам шуда, қисми зиёди онҳо фаъолияташонро қатъ намудаанд.
48. Теъдоди чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба риояи кафолатҳои мурофиавии риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст.
49. Дарки дурусти моҳияти равандҳои сиёсии сайёра ва дастрасӣ ба иттилоот дар шароити ҷаҳонишавӣ ба масъалаи мубрами рӯз табдил ёфта бошад ҳам, чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсии аҳолӣ начандон васеъ роҳандозӣ карда мешаванд.
50. Сифат, суръат ва нархи хизматрасонии интернет ба талаботи рӯз чандон ҷавобгӯй набуда, амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасӣ ба иттилоот халалдор менамояд.
51. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати тақвияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳкими фарҳанги сиёсии аҳолӣ, татбиқи самараноки ислоҳоти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
52. Дар ин росто, мутобиқати қонунгузории мамлакат оид ба ҳуқуқи инсон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ пайваста таҳлил карда, ҳамроҳшавӣ ва ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва протоколҳои иловагӣ ба онҳо идома дода мешавад.
53. Мониторинги даврии иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
54. Қабулгоҳҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, бахусус дар минтақаҳои сераҳолӣ ва дурдасти кишвар аз нав эҳё ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд.
55. Ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, таъмин намудани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст чораҷӯйӣ карда мешавад.
56. Баҳри баланд бардоштани фарҳанги сиёсии аҳолӣ, огоҳмандии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, дарки дурусти рӯйдодҳо, шарҳи моҳияти низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмии мазҳабӣ дар ҷомеа бо иштироки олимон ва сиёсатшиносон барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ роҳандозӣ мегарданд.
57. Чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф тақвият бахшида мешаванд.
§4. Таҳкими нақши ташкилотҳои динӣ дар пешгирии экстремизм
58. Иштироки фаъолонаи ходимони дин ва ташкилотҳои динӣ дар ташаккули асли таҳаммулгароӣ, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии низоъҳои мазҳабӣ ва тундгароӣ дар муҳити динӣ шарти муҳими комёбӣ дар пешгирии экстремизм маҳсуб меёбад.
59. Новобаста аз чораҳои андешидашуда, то ҳол маърифати динии аҳолӣ дар сатҳи дахлдор қарор надошта, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави динӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, воридшавии адабиёти динӣ аз хориҷи кишвар аз байн нарафтаанд.
60. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ амалҳои алоҳидаи террористӣ дар робитаи мустақим бо гурӯҳҳои тундрави динии дар хориҷи кишвар амалкунанда рух доданд.
61. Нақши ходимони дин дар муқовимати иттилоотӣ бо афкори экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон муассир набуда, аксари онҳо малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва қобилияти баҳс бо рӯҳониёни кишварҳои ҳамзабонро надошта, аз иштирок дар мубоҳисаҳо канораҷӯйӣ менамоянд.
62. Дар давоми соли 2024 аз ҷониби баъзе рӯҳониёни тундрави Афғонистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаҳои иттилоотӣ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, мардум ба ҷиҳод муқобили ҳокимияти конститутсионӣ даъват шуда бошанд ҳам, аксуламалҳои рӯҳониёни Тоҷикистон ангуштшумор ва камтаъсир буданд.
63. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, занону духтарон, баланд бардоштани зарфиятҳои ходимони дин дар пешгирии ифротгароӣ, аз ҷумла боло бурдани сатҳи забондонӣ, донишҳои дунявӣ, ба онҳо омӯзонидани малакаи кор бо технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои миллии динӣ, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои динии аҳолӣ, пешгирии ҳама шаклҳои табъиз нисбати шахсони мутааллиқ ба ақаллиятҳои динӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
§5. Такмили чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ
64. Ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати паҳн намудани афкори экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, банақшагирӣ ва анҷом додани амалҳои террористӣ ва маблағгузории терроризм аз шабакаи интернет васеъ истифода мебаранд.
65. Вусъат ёфтани истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун василаи паҳн кардани зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон низ боиси ташвишу нигаронист.
66. Тадбирҳои дар самти муқовимат ба ин зуҳурот андешидашуда ҳанӯз ҳам кофӣ набуда, зарфиятҳои техникии субъектҳои татбиқи Стратегия бо рушди технологияҳои навин ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби унсурҳои тундрав ва террористон мувофиқат намекунанд.
67. Истифодаи интернет ҷиҳати пешбурди ташвиқоти васеи зиддиэкстремистӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар сатҳи дахлдор ба роҳ монда нашудааст.
68. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия бо риояи ҳуқуқи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамияти мукотиботи шахсӣ ва озодии сухан ҷиҳати тақвияти муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ тадбирҳои иловагии дорои хусусияти ташкилию техникӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд.
69. Аз ҷумла, мақомоти ваколатдор бо барномаҳои махсуси электронии зиддиэкстремистӣ ва ошкоркунии киберҷиноятҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ таъмин, ҳамкориҳои мақомоти ваколатдори соҳа бо операторони алоқаи мобилӣ ва провайдерони интернет пурзӯр карда мешавад.
70. Бо омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо масъалаи манъ ё маҳдуд намудани бозиҳои компютерии ташвиқкунандаи зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм дар байни наврасону ҷавонон мавриди омӯзиш қарор дода, заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон аз иттилооти барои саломатӣ ва рушди онҳо зараровар такмил дода мешаванд.
§6. Ташаккули механизмҳои самараноки муқовимат бо тарзу усулҳои муосири маблағгузории терроризм
71. Ташкилотҳои террористӣ ҷиҳати таъмини молиявии фаъолияти худ аз тарзу усулҳои нав ба нави ҷамъоварии маблағҳо истифода намуда, манбаҳои маблағгузорӣ, таъинот, тарзи пардохт ва шабакаҳои интиқоли онҳоро пинҳон медоранд.
72. Яке аз усулҳои солҳои охир паҳншудаи пинҳонкунии шабакаҳои интиқоли маблағ ба ташкилотҳои террористӣ бо роҳи фиреб истифода бурдани кортҳои бонкии дигар шаҳрвандон, инчунин бо номи онҳо кушодан ё аз онҳо харидани кортҳои бонкӣ ва баъдан тавассути онҳо ба суроғаи ташкилотҳои террористӣ интиқол додани маблағҳо мебошад.
73. Ҳамзамон, гурӯҳҳои террористӣ зери наворҳои ташвиқотии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ суроғаҳои рамзикунонидашуда интиқоли пулҳои электрониро, ки пайгирии онҳо хеле душвор аст, гузошта, ба ин восита аз пайравон ва ҳаводорони худ маблағ ҷамъ менамоянд.
74. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба истифодабарии кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, ташаккули механизми самараноки мониторинг ва пайгирии амалиётҳои молиявӣ ва транзаксияҳои шубҳанок, муқаррар намудани ҷавобгарии дахлдор барои истифодаи тарзу усулҳои муосири маблағгузории терроризм тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
§7. Таъсиррасонӣ ба омилҳои экстремизм дар раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар
75. Таҳия ва қабули барномаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифзшудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили низоми омодагии томуҳоҷиратии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо шартҳои муҳими пешгирии экстремизм дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав маҳсуб меёбад.
76. Солҳои охир муҳоҷирони меҳнатӣ дар баъзе кишварҳои будубош бо мушкилиҳои гуногун, аз қабили мунтазам иваз шудани қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии муҳоҷирон, пардохт нагардидани музди меҳнат аз ҷониби корфармоён, санҷишу тафтишҳои аз ҳад зиёд дар ҷойи кору истиқомат ва ғайра дучор гардида, ҳамзамон дар заминаи суст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои тундрав гардида, ба сафҳои онҳо мепайванданд.
77. Яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан ҷавонон бо он дучор мегарданд, ин надоштани касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар сатҳи зарурӣ надонистани забон ва талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда мебошад.
78. Омодасозии томуҳоҷиратии шаҳрвандон самаранок ба роҳ монда нашуда, тадбирҳои дар ин самт андешидашуда то ҳол ба ҳадаф нарасидаанд.
79. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати бартараф намудани омилҳои ба экстремизм дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидаткунанда маҷмуи тадбирҳои иловагии дорои хусусияти ташкилӣ- ҳуқуқӣ ва таҳлилию маърифатӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
80. Дар ин раванд, бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҷиддан коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ ва пайгирӣ мегардад.
81. Омодагии томуҳоҷиратии шаҳрвандон тақвият дода шуда, бо онҳо мунтазам чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, забономӯзӣ, саводнокии ҳуқуқӣ ва ташаккули масуният аз ташвиқоти экстремистӣ баргузор карда мешаванд.
82. Ҷустуҷӯйи бозорҳои нави меҳнат идома дода шуда, созишномаҳои байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пеш аз ҳама бо кишварҳое баста мешаванд, ки ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии онҳоро кафолат медиҳанд.
§8. Амиқгардонии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар муассисаҳои ислоҳӣ
83. Муассисҳои ислоҳӣ бар асари тангии фазо, маҳдудияти гаштугузор, шуғл, фароғат, муошират бо берун ва дигар маҳдудиятҳои марбут ба низоми адои ҷазо ногузир барои ташаккули афкори экстремизм замина фароҳам меоранд.
84. Дар ин муассисаҳо дар қатори дигар маҳкумшудагон аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ низ адои ҷазо намуда, бо паҳнкунии афкори ифротгароёнаи худ ин хавфро дучанд менамоянд.
85. Новобаста аз чораҳои андешидашуда оид ба пешгирии экстремизм, беҳтар намудани шароитҳои нигоҳдорӣ, кору таҳсил ва фароғат барои маҳкумшудагон, муассисаҳои ислоҳӣ ҳоло ҳам аз лиҳози паҳшавии ақидаҳои экстремистӣ ва амалҳои террористӣ осебпазир боқӣ мондаанд.
86. Ҳолатҳои ҷалби маҳкумшудагон ба сафҳои ташкилотҳои экстремистию террористӣ, аз дохили муассисаҳои ислоҳӣ тарҳрезӣ ва роҳбарӣ намудан ба ҷиноятҳои гуногун дар берун, ҳамзамон аз ҷониби ташкилотҳои экстремистию террористӣ тарҳрезӣ намудани ошӯбҳо ва ҳамлаҳо ба намояндагони маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ гувоҳи дар сатҳи дахлдор қарор надоштани тадбирҳои пешгирӣ дар ин самт мебошанд.
87. Дар робита ба ин, дар раванди иҷрои Стратегия ҷиҳати такмили заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва ниҳодии пешгирии экстремизм, такмили усулҳои дохилимаҳбасии пешгирикунии экстремизм ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар самти кор бо маҳкумшудагони ифротӣ тадбирҳои боз ҳам амиқтар ва васеътар андешида мешаванд.
88. Таъмин бо ҷойи кор, пардохти музди меҳнат, шароит барои таҳсил, варзиш, амалӣ намудани эҳтиёҷоти фарҳангӣ ва фароғат барои маҳкумшудагон дар сатҳи наздик ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
89. Тадбирҳо оид ба бунёд намудани муассисаи ислоҳии навъи камеравӣ барои ҷойгир намудани шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта маҳкумшуда, ки айни ҳол дар сатҳи корҳои лоиҳавӣ қарор доранд, пурра анҷом дода мешаванд.
90. Бо омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо низоми корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ бознигарӣ карда, ҷиҳати ташаккули низом ва амалияи самараноки ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни маҳкумшудагон, бахусус амалҳои террористӣ, ошӯбҳо ва бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ чораҷӯйӣ карда мешавад.
§9. Ташаккули амалияи аз лиҳози гендерӣ ҳассоси муқовимат ба экстремизм ва терроризм
91. Бо дарназардошти нақши муҳими масоили гендерӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризм дар раванди иҷрои стратегияҳои қаблӣ ҷиҳати таъмини баробарии дастрасии занону мардон ба хизмати давлатӣ ва неъматҳои моддӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбати занон ва иштироки фаъоли занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.
92. Дар баробари ин, ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт ҳанӯз пурра ба даст наомада, аз ҷумла ҳиссаи кунунии занон дар хизмати давлатӣ (25%) ва вазифаҳои роҳбарикунанда (19%) қонеъкунанда ба назар намерасад.
93 Фаъолияти марказҳои психологӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила самаранок ба роҳ монда нашуда, ҷиддан коҳиш наёфтани ҳолатҳои худкушии занону духтарон аз сатҳи ҳанӯз ҳам баланди осебпазирӣ ва нокифоя ба роҳ мондани кумаки равонӣ ба онҳо шаҳодат медиҳад.
94. Амалияи пешгирии экстремизм аз лиҳози гендерӣ чандон ҳассос ба роҳ монда нашуда, занон ва духтарон аксаран танҳо ҳамчун қурбонии ин зуҳурот мавриди тадбирҳои пешгирикунанда қарор гирифта, ба сифати паҳкунандагони эҳтимолии афкори экстремистӣ, ҳамзамон аъзои фаъоли гурӯҳҳои пешгирии ифротгароӣ кам арзёбӣ карда мешаванд.
95. Бинобар ин, дар доираи Стратегия тадбирҳо ҷиҳати иштироки бештари занон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, баланд бардоштани савияи дониш, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва ҷалби бештари онҳо ба пешгирии экстремизм ва терроризм идома дода, боз ҳам амиқтар гардонида мешаванд.
96. Дар ин раванд, ҷиҳати баланд бардоштани фаъолнокии занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат талаботи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар бораи то соли 2030 ба 30% расонидани ҳиссаи занон дар хизмати давлатӣ ва 25% дар вазифаҳои роҳбарикунанда қотеъона пайгирӣ карда мешаванд.
97. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маълумотҳои пурра дар бораи занони аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ, равонӣ, пайвандии оилавӣ бо шахсони гузаштаи экстремистидошта ва ғайра осебпазир ташаккул дода, ҷиҳати дастгирии иҷтимоию иқтисод ва равонӣ, инчунин пешгирии рӯҳияи экстремистӣ дар байни онҳо чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ карда мешаванд.
98. Фаъолияти марказҳои равоншиносӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ҷоннок карда шуда, дар якҷоягӣ бо субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ва шарикони рушд баҳри таъсис додани марказҳои кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
99. Бо омӯзиши таҷрибаи тафтишотию судӣ шаклу усулҳои аз ҷониби ташкилотҳои экстремистию террористӣ истифодашавандаи мағзшӯӣ ва ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҷалб намудани занону духтарон муайян карда шуда, дар ин замина усулҳои муассири аксуламал коркард ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
100. Шумораи занонро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм пайваста зиёд карда, мувозинати гендерӣ дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ таъмин карда мешавад.
§10. Бозгардонии шаҳрвандон аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ ва шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ дар кофтуков қарордошта
101.Ҷангиёни ташкилотҳои террорристӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, дар қатори амалҳои террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ба тарҳрезӣ ва анҷом додани ҳамин гуна амалҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даст зада, аз ҷониби роҳбаронашон барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ҳидоят карда мешаванд.
102. Ҳамзамон, теъдоди муайяни шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ дар кофтуков қарор дошта, ба ин ё он андоза ба амалҳои бадхоҳона нисбати кишвари худ ҷалб карда шудаанд.
103. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ватан баргардонидани ин шаҳрвандонро ҳамчун воситаи муҳими коҳиш додани таҳдиду хатар аз ҷониби ин гурӯҳҳо арзёбӣ намуда, заминаҳои зарурии ҳуқуқию ниҳодиро барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва бо чораҳои офиятбахшию барқарорсозӣ фаро гирифтани онҳо фароҳам овардааст.
104. Дар робита ба ин, дар раванди иҷрои Стратегия корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, бахусус волидон ва дигар аъзои оилаи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ ва шахсони дар кофтуков қарордошта ҷиҳати моил намудани онҳо ба бозгашти ихтиёрӣ ба Ватан пурзӯр карда мешаванд.
105. Фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муайян намудани макони будубош ва ба Ватан баргардонидани ҷангиёни ташкилотҳои террористӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ дар кофтуков қарордошта вусъат бахшида мешавад.
106. Механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла ирсоли дархостҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, дастгир ва истирдоди ҷинояткорон дар ин ҷода боз ҳам васеътар истифода мегарданд.
107. Ҷиҳати ҳавасмандгардонии бозгашти ихтиёрии шаҳрвандон аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ ва шахсони дар кофтуков қарордошта имконияти озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани дигар ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ва васеъ намудани асосҳои озод намудан аз ҷавобгарӣ дар қонунгузорӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
§11. Офиятбахшӣ, барқарорсозӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудани шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта
108. Барқарорсозӣ, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудани шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта ҳамчун самти муҳими муқовимат ба экстремизм ва терроризм боқӣ мемонад.
109. Дар қатори корҳои то ин дам анҷомдодашуда, бисёр барномаҳои дар ин самт қабулшуда дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошта, иҷрои онҳо пайгирии пайваста ва ҳамоҳангии боз ҳам бештари фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (ҷамоаҳои маҳаллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалиро тақозо менамояд.
110. Чунончи, дар доираи «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027», масъалаи бо ҷойи кор ва манзили истиқоматӣ таъмин намудани занон, бо таҳсил мувофиқи синну сол фаро гирифтани кӯдакон ҳалли пурраи худро наёфтааст.
111. Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, 7 категорияи шахсони аз лиҳози экстремистӣ осебпазирро ҷиҳати фарогирӣ бо чораҳои инфиродии барқарорсозӣ пешбинӣ намуда бошад ҳам, рӯйхати пурраи чунин шахсон дар маҳалҳо то ҳол тартиб дода нашуда, корбарии ҳадафнокро бо ин категорияи шаҳрвандон душвор менамояд.
112. Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 бошад, ба тозагӣ қабул гардида, дар марҳилаи ташкилӣ қарор дорад.
113. Тадбирҳои пешгирикунанда бо шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта бо ҷалби ходимони дин, мутахассисони равоншинос ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳадафнок ба роҳ монда нашуда, хусусияти умумипешгирикунанда доранд.
114. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, ҳадафнок ба роҳ мондани чораҳои барқарорсозию офиятбахшӣ ва баланд бардоштани зарфиятҳои ниҳодҳои дар ин самт масъул тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
§12. Таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ
115. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар тарҳрезӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муштараки пешгирии экстремизм, баланд бардоштани зарфияти моддию техникии субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ин ҷода нақши босазо доранд.
116. Дар баробари ин, ҳамкориҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам дар сатҳи дахлдор қарор надошта, пешниҳодҳо оид ба таҳқиқотҳои якҷояи сотсиологӣ, чорабиниҳои иттилотию тавзеҳотӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар байни аҳолӣ танҳо аз ҷониби шумораи маҳдуди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, дар навбати худ субъектҳои муқовимат ба экстремизм барои ҷалби бештари шарикони рушд ташаббускории зарурӣ зоҳир наменамоянд.
117. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм асосан аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори давлатӣ таҳия гардида, танҳо дар марҳилаи ниҳоӣ барои шиносоӣ ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда мешаванд.
118. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ватанӣ асосан ба фаъолият дар самти ҳуқуқи инсон (савдои одамон, зӯроварӣ дар оила, риояи ҳуқуқи кӯдак, шиканҷа, вазъи маҳбусон ва ғайра) машғул буда, барои дар сатҳи тахассусӣ машғул шудан ба фаъолият дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм зарфияти кофӣ надоранд.
119. Баъзе иттиҳодияҳои ҷамъятӣ нокифоя истифода гардидани неру ва зарфияти онҳо, мушкилоти мувофиқасозии баргузории семинару омӯзишҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, набудани дастгирии доимии молиявӣ (грантҳо), шаффоф набудани озмунҳои ташкилотҳои байналмилалиро ҳамчун мушкилот дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо арзёбӣ менамоянд.
120. Лоиҳаҳои ҳамкории аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳодшаванда асосан ба гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ равона шуда, ба тақвияти зарфиятҳои моддию техникии мақомоти давлатӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
121. Дар навбати худ ташкилотҳои байнамилалӣ аз пурра омода набудани намояндагони мақомоти давлатӣ ба ҳамкорӣ, дастгирӣ накардани лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо, душвории дастрасӣ ба иттилоот ва ғайра нигаронӣ менамоянд.
122. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати мусоидат ба тақвияти зарфиятҳо ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии экстремизм, созмон додани механизмҳои нави ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи субъектон ва аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
123. Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои мустақили тадқиқотӣ ҳамчун шарикони баробарҳуқуқи ниҳодҳои давлатӣ дар пешгирии экстремизм пешниҳод карда мешавад, ки дар таҳияи лоиҳаҳои консепсияҳо, стратегияҳо, барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳи пешниҳоди таклифҳо, лоиҳаҳои муаллифӣ, тарҳҳои алтернативӣ, инчунин фаъолияти бевосита дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ ширкат намоянд.
124. Ба сифати механизми устувор ва доимамалкунандаи машваратӣ дар назди Котибот оид ба татбиқи Стратегия Шӯрои машваратӣ иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият хоҳад кард.
§13. Такмили қонунгузорӣ, фаъолияти ҳуқуқтатбиққунӣ ва тақвияти омодагӣ ба рафъи ҳамлаҳои террористӣ
125. Такмили пайвастаи қонунгузорӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, тақвияти инфрасохтори сарҳадӣ ва омодагӣ ба рафъи ҳамлаҳои террористӣ шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар ин самт маҳсуб меёбад.
126. Дар робита ба ин, дар доираи Стратегия ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла тавассути қабули Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав таркиби ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ҳамзамон меъёрҳои тафриқаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷиноят дақиқ карда мешаванд.
127. Таҳлили муқоисавии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани ихтилофоти имконпазир ва интихоби рӯйкарди ягона нисбати мафҳумҳои асосӣ ва таркибҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятҳо чораандешӣ карда мешавад.
128. Бо дарназардошти оқибатҳои ҷиддии ҳуқуқию маънавӣ доштани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ феҳристи дақиқи ин ҷиноятҳо муайян ва расман тасдиқ карда мешавад.
129. Ҷиҳати ташаккули механизми дақиқ ва амалияи ягонаи татбиқи эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ Дастури якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва қабул мегардад.
130. Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯйӣ доир ба муайян намудани манбаъҳои маҳаллии ташвиқоти экстремизм, ячейкаҳои хуфтаи ташкилотҳои террористӣ, ҷалбкунандагони ҷавонон ба сафҳои чунин ташкилотҳо, пешгирӣ ва рафъ намудани амалҳои террористӣ тақвият дода мешавад.
131. Инфрасохтори сарҳадӣ, ҳамкориҳои субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар минтақаҳои наздисарҳадӣ доир ба назорати сарҳадӣ ва муҳоҷиратӣ, пешгирии вуруди аъзои ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, унсурҳои алоҳидаи экстремистӣ, инчунин аз ҷониби онҳо ворид намудани маводи экстремистӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.
132. Амнияти зиддитеррористӣ ва муҳофизати зиддидиверсионии иншоотҳои махсусан муҳим, бахусус сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти таҳти режим қарордошта, инфрасохтори ҳарбӣ ва иншоотҳои хавфи баланди техногению экологидошта, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ пурзӯр намуда, низоми самараноки огоҳонии саривақтӣ аз офатҳои техногенӣ ва ҳамлаҳои терррористӣ ташаккул дода мешавад.
§14. Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ
133. Экстремизм ва терроризм ба падидаи глобалӣ табдил ёфта, ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид намудани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаккули платформаҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалиро дар ин самт тақозо менамояд.
134. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида бошад ҳам, вазъи кунунии экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон тақвияти боз ҳам бештар бахшидани фаъолиятро дар ин самт тақозо менамояд.
135. Бинобар ин, дар доираи Стратегия нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба муқовимат ба экстремизм идома дода шуда, дар ин росто «Раванди Душанбе» минбаъд низ фаъолона пайгирӣ карда мешавад.
136. Бо риояи талаботи қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқуқии байналмилалӣ оид ба маҳдудиятҳо дар мавриди супурдан ва истирдод намудан бастани созишномаҳо доир ба расонидани ёрии байниҳамдигарии ҳуқуқӣ, муайян намудани макони будубош, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, аз ҷумла бо кишварҳои ғарбӣ вусъат бахшида мешавад.
§15. Натиҷаҳои чашмдошт ва хавфҳои эҳтимолии Стратегия
137. Натиҷаҳои чашмдошт аз татбиқи Стратегия инҳо мебошанд:
1) таҷдид ва такмили тарзу усулҳои пешгирии экстремизм ва терроризм бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ;
2) коркарди тарзу усулҳои муассири вокуниш ба таҳдидҳои навини экстремизм ва терроризм;
3) такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони мақомоти давлатӣ дар ин самт;
4) таҳким бахшидан ба нақши низоми маориф, ташкилотҳои динӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризм;
5) амиқгардонии тадбирҳо оид ба бартараф намудани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳкумшудагон, дигар категорияҳои осебпазири аҳолӣ, тақвияти раванди барқарорсозӣ ва реинтегратсияи занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда ва шахсони гузаштаи экстремистидошта;
6) тақвияти инфрасохтори сарҳадӣ, амнияти зиддитеррористӣ ва муҳофизати зиддидиверсионии иншоотҳои махсусан муҳим, омодашӣ ба рафъи ҳамлаҳои терррористӣ;
7) беҳтар намудани сатҳ ва сифати ҳамкориҳо байни ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм;
8) таъмин гардидани риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқи гурезагон ва дигар ҳуқуқу озодиҳои пешбининамудаи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар раванди муқовимат ба экстремизм ва терроризм.
138. Хавфҳои эҳтимолӣ дар раванди татбиқи Стратегия нисбат ба чораҳои пешгирӣ афзалият пайдо намудани чораҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сари вақт маблағгузорӣ нагардидани тадбирҳои пешбинишуда, беэътиноии иҷрокунандагон ба иҷрои вазифаҳои бо Нақшаи чорабиниҳо ба онҳо вогузоргардида буда метавонанд.
139. Ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз ва назорат ба иҷрои Стратегия дар доираи ваколатҳои худ ҷораҷӯӣ намуда, ҳамзамон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд.
БОБИ 5. МАРҲИЛАҲО ВА МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
§1. Марҳилаҳои иҷрои Стратегия
140. Стратегия дар се марҳила: солҳои 2026-2030, солҳои 2031-2035 ва 2036-2040 иҷро карда мешавад.
141. Вазифаҳои марҳилаи аввал (соли 2026-2030) инҳо мебошанд:
– фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои амалишавии Стратегия, муаррифӣ намудани он ба мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– таҳияи барномаҳои идоравӣ ва маҳаллӣ, нақша ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба иҷрои Стратегия дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташаккул додани гурӯҳҳои корӣ, аз ҷумла дар маҳалҳо бо ворид намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо;
– таҳияи харҷномаҳо (лоиҳаҳо) барои амалишавии чорабиниҳои банақшагирифташуда, ки маблағгузориро аз буҷети давлатӣ ё сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ тақозо менамоянд;
– дарёфти ташкилотҳои мададрасон ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда;
– амалисозии чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегия.
142. Вазифаҳои марҳилаи дуюм (солҳои 2031- 2035) вусъат бахшидан ба татбиқи чорабиниҳо, ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм мебошанд.
143. Дар марҳилаи сеюм (солҳои 2036 – 2040) чорабиниҳои татбиқшаванда бо натиҷаҳои мониторинги дохилию берунӣ такмил дода мешаванд. Дар охири ин марҳила (соли 2040) натиҷаҳои амалишавии Стратегия ҷамъбаст карда шуда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои нави банақшагирии стратегӣ дар ин соҳа таклифҳо манзур карда мешаванд.
§2. Механизми амалисозии Стратегия
144. Механизми амалисозии Стратегия Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои он буда, дар он самтҳои асосии пешгирии экстремизм ва терроризм, тадбирҳои асосӣ ва чорабиниҳои мушаххас оид ба иҷрои Стратегия, нишондиҳандаҳои иҷроиш (индикаторҳо), муҳлатҳои иҷро ва иҷрокунандагони чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд.
145. Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои Стратегия барои ҳар як марҳила иҷрои он (ҳар панҷсола) тартиб дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 6. ИМКОНИЯТҲОИ МОЛИЯВӢ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
146. Таъминоти молиявӣ барои амалисозии Стратегия аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ пешбинишуда, инчунин маблағҳои ташкилотҳои мададрасон ба амал бароварда мешавад.
147. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои амалисозии Стратегия маблағҳои зерин (бо сомонӣ) ҷудо карда мешаванд:
| Давра | 2026-2030 | 2031-2035 | 2036-2040 | ҷамъ |
| Маблағ | 15 млн | 15 млн | 20 млн | 50 млн |
148. Маблағгузории барномаву стратегияҳо, санадҳо ва чорабиниҳои дигари барномавии дар параграфҳои 2 (соҳаи маориф), 5 (муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ), 8 (пешгирии экстремизм дар муассисаҳои ислоҳӣ), 11 (офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта) ва 13 (тақвияти инфрасохтори сарҳадӣ) боби 2 Стратегия зикргардида аз ҳисоби маблағҳои маҳз барои иҷрои ин стратегияву барномаҳо ҷудошуда ё пешбинишаванда ба амал бароварда мешавад.
149. Вазорату идораҳо ҳуқуқ доранд чорабиниҳои алоҳидаро мустақилона дар доираи харҷномаи тасдиқшудаашон, аз ҷумла аз ҳисоби сарфаи онҳо маблағгузорӣ намоянд.
150. Ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби ташкилотҳои мададрасон тибқи созишномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои ҳусни тафоҳум (меморандумҳо) ва тавофуқномаҳо бо ин ташкилотҳо муайян карда мешавад.
151. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани кумаки молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои молиявӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ барои амалигардонии Стратегия бо тартиби муқарраргардида тадбирҳо меандешанд.
152. Чорабиниҳои сатҳи маҳал аз ҷониби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, ҳаҷми маблағҳои ҷудошаванда барои давраи солҳои дар Стратегияи мазкур пешбинигардида бо тақсимоти сол ба сол дар Нақшаҳои чорабиниҳои сатҳи дахлдор (ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) оид ба иҷрои Стратегия пешбинӣ карда мешаванд.
БОБИ 7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СТРАТЕГИЯ
153. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳар сол амалисозии Стратегия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро мавриди мониторинг қарор дода, натиҷаҳои онро ба баррасии ҷаласаи Котиботи амалисозии Стратегия пешниҳод менамоянд.
154. Арёзбии рафти амалисозии Стратегия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо аз рӯйи натиҷаи санҷишҳои Прокуратураи генералӣ ва мониторинги он ба амал бароварда шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати тасҳеҳи нишондиҳандаҳо ва такмили фаъолият дар ин самт чораандешӣ карда мешавад.
155. Амалисозии Стратегия аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳот бо иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
156. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амалисозии Стратегия, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
157. Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин сафорат ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ба амалисозии Стратегия чораандешӣ менамоянд.
158. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои марҳилавӣ ва рафти амалисозии Стратегияро дар маҷмуъ арзёбӣ ва оид ба тартиби татбиқи Стратегия, ворид намудан, хориҷ намудан ва мушаххас намудани бандҳои алоҳидаи он таклифҳо манзур менамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 73
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030
Ниг. ба замима





