ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ДМТ БА ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС

17

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ бо кишварҳои хориҷӣ пайваста чораҳои муассирро меандешад.
Бо мақсади табодул ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта ҳамеша устодону донишҷӯёнро ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати бардошти такмили ихтисос ва табодули таҷриба сафарбар менамояд. Бо мақсади ҷавобгӯ сохтани ихтисосҳои амалкунанда ба талаботҳои Агентии Аккредитатсионии байналмилалӣ дар ин замина хондани лексияи таълимӣ дар мавзӯҳои «Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» ва «Нақши химияи координасионӣ дар экология» аз 12 то 17-уми апрели соли ҷорӣ сардори раёсати таълим, дотсент Шарифзода Исмоил Муҳибулло ва дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия Файзуллозода Эркин Фатҳулло бо сафари корӣ ба Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи А. Сахарови Ҷумҳурии Белорус сафар намуданд.
Дар баробари хондани лексияи таълимӣ устодони Донишгоҳ, ҳамзамон аз таҷрубаи муассисаи мазкур бархурдор шуда, дар зимн бо раванди таълим, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, бо ҷараёни кор дар озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ, илмӣ ва пойгоҳи моддӣ-техникӣ шинос шуда, бо донишҷӯён ва муҳаққиқони тоҷик, ки дар Белорус таҳсил ва фаъолият доранд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.
Ҳамзамон, мулоқот бо роҳбарияти Донишкада: Олег Родкин – директор; Владислав Журавков – муовини директор оид ба таълим; Елена Алексейчик – сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва дигар масъулин доир гардид.
Ҷонибҳо мавқеи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи А. Сахаровро дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои рақобатпазириашон баланд арзёбӣ намуда, масъалаи шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Донишкадаи мазкур баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни муколама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин густариш диҳанд:
1. Тамдиди фаъолияти муштараки ихтисосҳои “Илмҳои тиббӣ ва биологӣ” ва “Бехатарии экологӣ”.
2. Мубодилаи академӣ, ҷиҳати ҷоннок намудани раванди табодули донишҷӯёну устодон ва баргузории конференсияву семинарҳои муштарак.
3. Омодасозии кадрҳои илмӣ: Баррасии имкони қабули шаҳрвандони мо ба аспирантура дар институтҳои пешбари экологии Белорус.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин сафар саҳифаи наверо дар робитаҳои байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи байналмилалии давлатии экологии ба номи А. Сахарови Ҷумҳурии Белорус боз хоҳад кард. Мулоқот бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва аксбардории дастаҷамъӣ ба анҷом расид.