Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт

Мудири кафедра

Номзади илмҳои физика-математика, дотсент

Қодиров Р.

Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (КФҶС) соли 1955 бо ташаббуси Ходими  хизматнишондодаи илми Тоҷикистон профессор Б.Н.Нарзуллоев дар заминаи  кафедраи физикаи эксперименталӣ ташкил шудааст. Баъдтар, соли 1965 дар  заминаи  КФҶС Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо, ки  ҳоло номи  Шуъбаи илмию таҳқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТ ФМК)  дорад, таъсис  дода шуд. Дар ҳамбастагӣ имрӯзҳо КФҶС ва ШИТ ФМК яке аз  марказҳои пурқуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии  ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар Тољикистон ва Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра дар ҳамкорӣ бо ШИТ ФМК 14 доктори илм ва наздики 60 номзади илмро тайёр намудааст.

Сарварии кафедраро солҳои гуногун профессорон Б.Н.Нарзуллоев, С.Н.Каримов, М.Қ.Қурбоналиев, Ш.Т.Тӯйчиев ба уҳда доштанд. Ҳоло сарварии кафедраро профессор Ҳ.М.Абдуллоев ба уҳда дорад. Дар кафедра профессор Ш.Т.Тӯйчиев, дотсентон Ҷ.Рашидов, С.Х.Табаров, муаллими калон И.Юлдошев, ассистентон Э.Шаимов ва Ф.Табаров ба корҳои илмию таълимӣ ва тарбиявӣ машғуланд.

Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт кафедраи воҳиди илмию таълимӣ ва тахассусӣ буда, дар он ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз курсҳои махсуси физикаи ҷисмҳои сахт, физика ва химияи полимерҳо, таҳлили рентгении сохтори модда, физикаи маҳлулҳои полимерҳо, усулҳои таҳқиқи сохтор ва хосиятҳои ҷисмҳои сахт, физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо ва  ғайра дарс гуфта мешавад. Илова бар ин устодони кафедра аз курсҳои механика, физикаи молекулӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, радиотехника ва радиоэлектроника барои донишҷӯёни факултети физика ва дигар факултетҳои донишгоҳ таълим медиҳанд. Яке аз самтҳои фаъолияти кафедра нашри китоб ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки ба он диққати махсус дода мешавад. Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби кормандони он зиёда аз 20 китоби таълимӣ, 10 монография ва наздики 50 дастури методӣ таълиф карда шудааст, ки ба қалами профессорон Б.Н.Нарзуллоев, С.Н.Каримов, М.Қ.Қурбоналиев, Ш.Т. Тӯйчиев, Ҳ.М.Абдуллоев,  дотсентон П.Ҳ. Эрфан, С.Н. Низомиддинов, А.И. Ҳукматов, Ҷ.Рашидов, С.Х.Табаров, ва дигарон тааллуқ доранд. Кормандони кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Тошканд, Майнс (Олмон), Нагано (Япония) ҳамкории зичи илмӣ доранд.

Фаъолияти илмии КФҶС назаррас мебошад. Таҳқиқоти илмии кафедра ба самти илмии физикаи муҳитҳои конденсӣ тааллуқ дошта, мавзӯи физикаи мустаҳкамӣ ва пластикнокии ҷисмҳои сахт ва полимерҳоро дар бар мегирад. Дар зарфи 5 соли охир аз ҷониби устодони

кафедра зиёда аз 60 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр гардидааст. Кормандони кафедра иштирокчии кулли конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 100 номгӯи фишурдаҳои маърӯзаҳо ба табъ расонида шудааст. Кори ихтироот дар КФҶС байни шуъбаҳои ДМТ сермаҳсул ба шумор меравад. Устодони кафедра дар ҳамкорӣ бо кормандони ШИТ ФМК дорои зиёда аз 20 номгӯи шаҳодатномаҳои ихтироъ мебошанд,ки ба соҳаҳои гуногуни илм ва техника мансубанд. Дар кафедра 2 маҳфили илмии донишҷӯён доир ба физикаи полимерҳо амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни бахшҳои 3-5 оид ба соҳаҳои мухталифи тадқиқотҳои илмии худ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Шурӯъ аз соли 2004 устодон ва кормандони КФҶС ба тадқиқи васеи сохтор ва хосиятҳои физикии системаҳои конденсии нанокарбондор, аз ҷумла маҳлулҳои нанокарбонҳо, полимерҳои нанокарбондор ва нанотехнология, ки диққати марказҳои калонтарини илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаанд, машғул мебошанд. Олимони кафедра ва шуъба маҳз ба тавассути дастовардҳои худ дар ин самт ғолиби озмуни маркази байналмиллии илмию техникӣ буданд ва имрӯзҳо барои давом додани барномаи бурси ҳамин ташкилот кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Саҳми устодони кафедра дар инкишофи илми ҷумҳурӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи маориф калон аст. Барои натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва тадрис профессор Ҳ.М.Абдуллоев бо «Ордени Шараф» дараҷаи II, профессор Ш.Т.Тӯйчиев бо медали тиллоии маркази  байналмилалии патентии Евроосиё, ҷоизаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи акдемик С.У.Умаров ва бо унвони  фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз  гардидаанд. Дотсент Ҷ. Рашидов барои фаъолияти назарраси ихтироъкорӣ бо грамотаи дараҷаи якуми маркази иттилооту патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Профессорон Ҳ.М.Абдуллоев, Ш.Т.Тӯйчиев ва дотсент С.Х.Табаров аъзоёни Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадианд.

Кафедра дорои таҷҳизоти зарурии техникӣ аст, ки баҳри танзими ҷараёни илмӣ ва таълимию методӣ истифода бурда мешавад. Соли 2012 дар заминаи кафедра ихтисоси нав- метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия кушода шуд.