Китобхона

Таърихи китобхонаи илмии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Пайдоиши китобхона бо таъсисёбии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 1948 алоқаманд аст. Дар он вақт китобхона китобхонаи илмӣ набуд. Сараввал он китобхонаи хурдакаке буд, ки дар як ҳуҷра ҷойгир буда, то оғози соли хониши аввалин Хазина ҳамагӣ 200 нусхаи нашрияро доро буд. Шумораи хонандагон 300 нафарро ташкил медод. Баъди як сол барои китобхона иморати махсусе ҷудо карда шуд бо толори хониш барои 30-40 нафар хонанда, хазина аллакай тақрибан 18068 нусха китоб ва маводҳои таълимиро ташкил медод.

Дар таъсиси хазинаи китобхонаи мо китобхонаҳои донишгоҳҳои шаҳри Маскав, Ленинград, Тошканд, Китобхонаи давлатии ба номи В.И.Ленин, ки 20 ҳазор ҷилди адабиёти хориҷиро тӯҳфа намуд, ҳамчунин китобхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ кӯмаки калон расонидаанд.

Ташкили намоишгоҳҳо, тартиб додани рӯйхати тавсиявии адабиёт ва рӯйхати фанҳое, ки дар Донишгоҳ омӯзонда мешаванд, ташкили тафсири библиографӣ, гузаронидани маҳфили адабиёт, гузаронидани баҳс ва муҳокимарониҳои китобҳо қисми таркибии кори китобхона ба ҳисоб мераванд. Китобхона рушд меёфт ва васеъ мешуд. Дар солҳои 60-80 пур кардани китобхона бо адабиёти илмӣ ва таълимӣ ба таври назаррас беҳтар шуд. Диққати махсус ба ҷамъоварии адабиётҳо ба забони тоҷикӣ дода мешуд. Ҳамаи адабиёти муосир, чӣ илмӣ ва чӣ бадеӣ, санъатшиносӣ дар хазинаҳои китобхона пурра пешниҳод шуда буданд. Ба пур кардани хазинаи дастхати китобхона низ диққат дода мешуд. Донишҷӯёни факултаҳои шарқшиносӣ имрӯз низ имкон доранд, ки китобҳои дастхатро, ки дороии донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, хонанд. Китобхона аз адабиёти хориҷӣ бой аст, ки хонандагон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.

Донишгоҳ калон мешуд, факулта ва кафедраҳои нав ба вуҷуд омаданд. Вобаста ба ин шаҳраки нави донишҷӯён сохта шуд, ки дар он ҳамаи факултаҳои гуманитарӣ гирд оварда шуданд: факултаи филологӣ ба шӯъбаи забон ва адабиёти рус, факултаи забонҳои Шарқ, факултаҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ ва ҳамаи кафедраҳои умумидонишгоҳӣ. Дар ин шаҳраки таълимӣ иморати алоҳида барои китобхона қомат рост кард, ки дар он аз моҳи сентябри соли 1992 Абонементи факултаҳои гуманитарӣ бо хазинаи илмӣ ва таълимӣ ва филиали факултаи филологӣ бо фонди таълимӣ ва хазинаи адабиёти бадеӣ фаъолият мекунад.

Айни замон китобхонаи илмии ДМТ яке аз китобхонаҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дороии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Хазинаи китобхона тақрибан як миллион нусха ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.

Хазинаи китобхона аз рӯи таркиби худ универсалӣ, аз рӯи аломати забонӣ, навъ ва намуд гуногунранг буда, барои гурӯҳи гуногуни хонандагон шавқовар аст. Лекин, пеш аз ҳама, ин хазинаи соҳаи донишгоҳ аст: адабиёти илмӣ ва таълимӣ, адабиёти даврӣ, нашриёти хориҷӣ ба забонҳои хориҷӣ, рисолаҳо ва авторефератҳо.

Аз соли 2000 Китобхонаи илмии ДМТ узви Ассамблеяи китобхонаҳои Евразия ба ҳисоб меравад.

Имрӯз китобхонаи илмии ДМТ ба беш аз 18,480 хонанда хизмат мерасонад.

Масоҳати китобхона 2498.28 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Шумораи толори хонандагон 5 ададро бо 400 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.

Чун анъана тайи чандин солҳо хизматрасонии маълумотдиҳӣ-библиографии хонандагон (олимон, мутахассисон, омӯзгорон, донишҷӯён) аз ҷониби шӯъбаи библиография амалӣ мешавад.

Махсусан он қисми хизматрасонии библиографӣ, ки онро вазъӣ номидан мумкин аст, диққатҷалбкунанда аст. Вобаста ба ин дар феҳристи фаннӣ ва мураттаби хонандагон кормандони китобхона бахши наверо марбут ба масъалаҳои тиҷорат, маркетинг, менеҷмент ва ғайра ворид намуданд .

Дар ҳайати дастгоҳи иттилотии китобхона низоми картотекаҳои библиографӣ ҷойгир аст, ки ба хонандагон дар ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ кӯмак мерасонад, аз ҷумла: «шахсӣ», «Корҳои илмии кормандони Донишгоҳ», картотекаи «Таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон» ва ғайра. Ҷорӣ намудани техникаи электронӣ дар соли 2003 бо пайдо шудани компютери аввалин дар китобхона оғоз ёфт. Китобхона аз рӯи гранти ТФ ИОО Фонди Сорос на танҳо компютер, балки барнома оид ба автоматизатсияи раванди китобхона ИРБИС ба даст овард. Соли 2004 бо харидорӣ намудани ду компютери аввал аллакай кор аз рӯи таъсис додани феҳристи электронӣ оғоз ёфт. Дар давоми се сол шумораи компютерҳо зиёд шуд ва Айни замон китобхона 7 компютер, 3 принтер (қолибӣ ва лазерӣ) дорад ва ҳамаи онҳо ба ИНТЕРНЕТ пайваст мебошанд. Қадамҳои аввалин дар бахши компютеркунонӣ аз компютеркунонии раванди технологии китобхона сар шуд. Ҳайти кормандон дарк намуданд, ки раванди технологӣ дароз ва бисёрмарҳила аст. Компютеркунонии китобхона, технологияи нави муосир имкони тағйир додани стратегия ва тактикаи рушди китобхонаро медиҳад. Раванди бибилография, ки тавассути компютер ва истифодаи барномаи махсус амалӣ мешавад, ба таъсиси маҳсулоти сифатан нав – махзани электронии маълумот оварда мерасонад.

Айни замон дар китобхона аллакай шабакаи компютерӣ таъсис дода шудааст, ки он қисми китобхонаи ҳамаи китобхонаҳои Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Тақрибан ҳамаи кормандони Донишгоҳ ба баъзе захираҳои иттилоотии китобхона дастрасӣ пайдо карда метавонанд.

Сохтори китобхона

• Роҳбарияти китобхонаи илмии Донишгоҳои Миллии Тоҷикистон – директори китобхона, муовини китобхона оид ба масъалаҳои умумӣ, муовини директор оид ба илм ва технологияи нав;

• шӯъбаи бақайдгирии китобҳо

• шӯъбаи коркард ва тартиб додани феҳраст;

• шӯъбаи илмӣ-методии китобхона;

• шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ;

• шӯъбаи китоб, дастхат ва адабиёти хориҷии нодир;

• шӯъбаи ташкилӣ-методӣ; • шӯъбаи компютеркунонӣ ва автоматизатсияи раванди иттилоотӣ;

• шӯъбаи нашрияи даврӣ;

• шӯъбаи абонемент ва маҳфузхонаи адабиёти хориҷӣ;

• абонементи адабиёти хориҷӣ; • абонементи байни китобхонаҳо;

• шӯъбаи хизматрасонии китобхонаҳои таълимӣ. Ҳамаи шӯъбаҳо дар асоси Низомнома дар бораи шӯъбаҳо фаъолият мекунанд. Шаш филиал дар факултаҳои гуногуни Донишгоҳ, ки бо адабиётҳои асосан иттилоотӣ ва таълимӣ пур карда шудаанд, дар биноҳои таълимӣ ҷойгир ҳастанд.

Хазинаи китобхона

Хазинаи китобхонаи илмии ДМТ ҳамчун хазинаи ягонаи китобхонаи Донишгоҳ ташаккул меёбад. Хазинаи ягонаи Хазинаи китобхонаи илмии ДМТ хазинаро аз намуди зерини нашрияҳо ташаккул медиҳад:

• ҳуҷҷатҳои расмӣ;

• китобҳо ва маводҳои дарсӣ;

• нашрияҳои илмӣ ва иттилоотӣ;

• нашрияҳои илмӣ-оммавӣ;

• ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, аз ҷумла меъёрҳо, навъҳои махсус, феҳрист, нархномаҳо;

• нашрияҳои илмӣ-бадеӣ;

• нашрияҳои библиографӣ;

• нашрияҳо ба забонҳои хориҷӣ;

• нашрияҳои электронӣ;

• нашрия, дастхатҳои нодир ва пурарзиш;

• нашрияҳои ДМТ, аз ҷумла: рисолаҳо, авторефератҳои рисолаҳо, монография, маҷмӯи корҳои илмӣ, китоб ва маводҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, китобчаҳо ва дастури мухтасар, ДСП, хисоботҳо дар бораи НИР Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, рӯйхати библиографӣ.

Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ

1. Феҳристи хизматӣ

2. Аз рӯи алифбо

3. Феҳристи системавӣ

4. Дастур аз рӯи алифбо ва фанҳо ба феҳристи мураттаб

5. Картотекаи системавии мақолаҳо

6. Феҳристи адабиёти хориҷӣ

7. Феҳристи авторефератхо, рисолаҳо

8. Феҳристи нашрияҳои даврӣ

9. Феҳристи электронӣ (китобҳо, мақолаҳо, рисолаҳо, афторефератҳо)

— «Китобҳо» (ретроспектива);

— «Воридоти нав» (китобҳо);

— «Рисолаҳо»; — «Авторефератҳо»;

— «Китобҳои Фонди СОРОС»;

— «Корҳои олимони ДДМТ» (китобҳо, мақолаҳо);

— «Об — ҳаёт» (китобҳо, мақолаҳо);

— «Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

— «Таърихи ДДМТ»;

— «Истиқлолияти ҶТ» (китобҳо, мақолаҳо)

Китобхона ба донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони дигари Донишгоҳ хизмат мерасонад.