Педагогика

Мудир – Д.и.пед., профессор Мирализода Абдусалом Миралӣ

Email: toshzoda@inbox.ru

Тел: 918 82 23 40

Суроға:

Аз соли 1993 то 2005 кафедраи педагогикаро доктори илмӣ педа-гогӣ, профессор С. Қодиров роҳбарӣ мекард. Тайи ин муддат устодон: Х. Раҳимов, Р.Б. Гайсина, Н. Неъматов, С. Раҳимова, М. Ахмедова, С. Мамадсаидова, А. Миралиев, С. Сафаров дар кафедра фаъолият намудаанд.

Аз соли 2005 то 2012 мудирии кафедраро д.и.п профессор А. Миралиев ба уҳда дошт. Дар ин муддат муаллимони кафедра Л. Назирова, М.Ахмедова ва Қ. Худойқулова рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Аз соли 2012 то 2015 мудирии кафедраро д.и.п., профессор К. Қодиров ба уҳда дошт. Дар ин муддат муаллимони кафедра Н. Неъ-матов ва З. Наимов рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Аз соли 2015 то соли 2021 мудирии кафедраро д.и.п. Ф. Шарипов ба уҳда дошт.

Муаллимони кафедра аз фанҳои мухталиф аз қабили «Педаго-гика», «Асосҳои маҳорати педагогӣ», «Педагогикаи тиб», «Педаго-гикаи пенитенсиарӣ», «Педагогикаи касбӣ» ва ғайра дарс мегӯянд.

Аз моҳи январи соли 1997 фанни педагогика дар факултаҳои ғайрипедагогӣ аз қабили факултаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, геология тадрис мешаванд. Соли 1996-2015 дар чаҳорчӯби кафедра мавзӯи мубрами рӯз «Роҳ ва усулҳои самаранокии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ» матраҳ гардид. Аз соли 2015 то инҷониб мавзӯи мубрами рӯз «Таҳсилоти информатсионӣ, инкишофи зеҳнӣ ва иҷтимоии одамони муосир» мебошад. Натоиҷу таҳқиқоту пажӯҳишҳои кафедра дар китобу дастурҳои ба табъ расида инъикос ёфтааст. Корҳои илмии кафедра 2000 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Дар ин кор ҳиссаи д.и.п., профессорон А. Миралиев, К. Қодиров, Ф. Шарипов калон аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи ҳайати профессорон ва устодони кафедра 150 номгӯй монография, дастур ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва чоп карда шуд. Дар кафедра омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз тариқи аспи¬рантура сурат мегирад. Аз замони ташкил то ба имрӯз зиёда аз 150 нафар онро хатм намудаанд. Ҳар сол қариб 50 нафар донишҷӯ дар ҷаласоти кафедра ва конференсияҳои илмии донишҷӯён баромад мекунанд.