Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон

Бо чунин ном аз ҷониби донишманди шинохта, бостоншиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов дар робита ба шаҳри қадимаи тоҷикон – Саразм китоби арзандае омода ва ба нашр расидааст. Имрӯз дар арафаи 5500-солагии шаҳраки таърихии Саразм қарор дорем ва дар робита ба ин атрофи китоби мазкур сухан намудан муҳимму саривақтӣ мешуморем. Бояд гуфт, ки китоби мазкур дар самти саразмшиносии тоҷик ва паҳлуҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик саҳифаи заринеро бозгӯ менамояд. Китоби «Саразм–оғози тамаддуни тоҷкон» аз рӯйи натиҷаи ҳафриёти шаҳри Саразм навишта шудааст ва тадқиқоти чандинсолаи муаллифро дар бар мегирад.

Китоби мазкур фарогири ду самт, яъне ду масъалаи таърихӣ мебошад. Самти аввал, ки китоби 1-ум ном гирифтааст, оид ба мавзӯи «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» қисса мекунад. Дар ин бахши китоб муаллиф доир ба масъалаҳои бостоншиносии хона ва оилаи аввалин дар Саразм, кишоварзон ва чорводорон, оташи муқаддас, оташгоҳ ва оташкадаҳо, хумдонҳои тафсон ва чархҳои гардон, олотҳои нахустин аз сангу устухон, маъданҳо ва фарҳанги коркарди онҳо, Модаршоҳи Саразм, ҳунармандӣ ва аз Зарафшон то Хуросон сухан менамояд, ки бо масъалаи «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» хотима меёбад.

Бахши дигари китоб, ки китоби 2-юм ном гирифтааст, дар робита ба Панҷакенти Суғд дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна андешаҳо гирдоварӣ шудааст. Ин бахш аз сарсухан, Панҷакент ва музофоти он дар асри санг, Панҷакент ва музофоти он дар асри энеолит ва биринҷӣ (ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз мелод), Саразм ва оғози тамаддуни Суғд иборат мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки дар робита ба китоби аввал, яъне самти аввали китоби «Саразм-оғози тамаддуни тоҷикон» сухан намоем.

Дар китоби мазкур муаллиф исбот менамояд, ки ниёгони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод, яъне зиёда аз 5500 сол қабл аз замони мо дорои фарҳанги кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ буданд. Истеҳсоли мис, биринҷ, нуқра, тилло ва қурғошимро ба дараҷаи аъло медонистаанд. Муаллиф менигорад, ки мардуми Саразм ба марказҳои мадании кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик робитаи тиҷоратӣ доштаанд.

Бояд зикр кард, ки китоби мазкур аз ҷониби донишмандон сазовори баҳои баланд гаштааст ва он барои мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ, хусусан саразмшиносӣ бисёр муҳим мебошад. Дар пешгуфтори китоб Президенти АИ ҶТ Ф. Раҳимӣ оид ба ёдгории Саразм ва корҳои анҷомдодаи муаллиф дар ин самт чунин менигорад: «Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мавароуннаҳр буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст. Дар омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан бостоншиносон хеле бориз мебошад. Илми бостоншиносии тоҷик умуман аз солҳои 30-юми асри гузашта рӯ ба ташаккул ва рушд ниҳодааст. Дар ин ҷода хизмати таърихшиноси бузург Б.Ғафуров ва асосгузорони илми бостоншиносони кишвар А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Белинитский, Б.А. Литвинский, В.А. Ранов ва даҳҳо нафари дигар хеле бузург аст. Маҳз хизматҳои арзандаву шоёни онҳо буд, ки тоҷикон аз гузаштаи таъриху тамаддуни ниёгони хеш бархӯрдоранд. Дар қатори чандин олимони намоён, муаррих ва бостоншиноси варзидаи асри XX, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов мақоми хоса дорад.

Соли 1976 таърихи водии Зарафшон саҳифаҳои нави худро боз мекунад. Яъне, шаҳраки қадимаи суғдиён – Саразми бостон аз тарафи А.Исҳоқов кашф мегардад. Кашфи Саразм дар ноҳияи Панҷакент яке аз дастовардҳои даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад».

 Ин андеша нисбат ба тадқиқот ва осори мондагори профессор А.Исҳоқов гуфта мешавад, ки он аз мавқеи хосса доштани муаллиф дар самти саразмшиносӣ шаҳодат медиҳад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 391 аз 21-уми сентиябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Илова бар ин, Мероси умумибашарӣ- ёдгориҳои табиӣ ва иншооти эъморгашта мебошад, ки тибқи муқаррароти ЮНЕСКО вазифаи аввалиндараҷа ин нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва экологии онҳо мебошад.

Бояд зикр намуд, ки китоби «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» паҳлуҳои гуногуни масъалаи таърихи қадимаи Саразмро низ равшан менамояд. Тавре ишора намудем, муаллиф бо далоили махсус ва бо кашфиётҳои зиёд оид ба Саразми бостонӣ тадқиқоте анҷом додааст, ки заҳматҳои чандисолаи ӯро дар бар мегирад. Устод А. Исҳоқов дар китоби мазкур менигорад: «Рақами 13-ро баъзеҳо бехосият мегӯянд. Оё ҳамин тавр бошад? Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касеро рӯзе ҳаст, саргузаште ҳаст, ки абадӣ ба хотирааш нақш мебандад ва он барои ман ҳамон рӯз буд. Он рӯз ва ҳодисае, ки воқеъ шуд, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё мазмуни аслиашро дарёфт. Он рӯзи фаромӯшнопазир рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм буд».

Имрӯзҳо аз ҷониби бостоншиносони дохилию хориҷӣ роҷеъ ба ин ёдгории таърихӣ тадқиқотҳои илмӣ ба сомон мерасонанд ва дар самти бозёфтҳои нодири Саразм андешаҳои гуногунро нашр менамоянд. Бе муболиға метавон гуфт, ки китоби «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» дар шинохти паҳлуҳои гуногуни шаҳраки қадимаи тоҷикон – Саразм муфиду аввалиндараҷа буда, он дар сафҳаи таърих мондагор мебошад.

 Н. Муродов, муовини декани факултети таърих оид ба таълим