ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ


 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ  2-юми  июли соли 2010 № 629 ва дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   бо фармони ректори ДМТ аз 06.01.2011с № 8-09 Парки технологӣ таъсис дода шуд. 

         Парки технологӣ  муассисаи ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, он дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд. 

   Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби   муқаррарнамудаи   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.  

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Парки технологӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст: 

– рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 

–   татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ; 

– ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ; 

–  мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир; 

– таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология; 

–  муттаҳид сохтани нерӯи зеҳни барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот; 

– ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот; 

– рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна: 

– ташкили ҷойҳои нави корӣ; 

– дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ; 

– ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва тиҷорати инноватсионӣ.  

Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад: 

– ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот; 

– ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳни баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот; 

–  омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад; 

– такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд; 

– рушди ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи инноватсионӣ.

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оиди дастовардҳои илмӣ ва татбиқи онҳоро дар амал омода сохтан чунин корҳоро иҷро намуд.

    Мутахассисони Парки технологӣ дар бахши фановарии рӯшноӣ лоиҳае таҳия сохта ва мувофиқи он нақшаи сохтани лампаҳоро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба лампаҳои Шӯравӣ қариб 10 ва нисбат лампаҳои каммасрафи ҳозира 2-3 баробар каммасрафтаранд. Муҳимаш он, ки ин лампаҳо аз лиҳози экологӣ ва техникии ягон зарар надоранд ва иқтидораш ба 5 Вт баробар мебошад. 

Мувофиқи барномаи дурнамои ҳукуматӣ оид ба нигаҳдории саломатии шаҳрвандони ҶТ дар Парки технологӣ истеҳсоли маводҳои фаъоли биологӣ иборат аз 6 номгӯй: татум(сумаха),  барги газанда (листья крапива), алафи чойкаҳак (трава зверабоя), меваи настаран (шиповник), гармала (трава череда), барги мармарак (листья шалфей), ки аз ташхиси лабораторӣ гузаштаанд,  ба роҳ монда шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатҳои лозима баъди гузаштани ташхиси лабораторӣ  бо дастгирии ҳаматарафаи ректори ДМТ мӯҳтарам Имомов М.С. барои иҷозати сертификати фурӯш ба хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ супорида шуда ва бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ силсилаи ЛС №005018, №005019, №005020, №005021, №005022 ва №005023 дода шуд ба ДМТ дар хусуси он ки мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маводҳои доруворӣ; татум(сумаха),  барги газанда (листья крапива), алафи чойкаҳак (трава зверабоя), меваи настаран (шиповник), гармала (трава череда), барги мармарак (листья шалфей) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Шаҳодатномаи мазкур дар муддати 5 сол амал мекунад ва барои ташхиси пурраи лаборатори ба Ҷумҳурии Украина бо дастгирии декани факултети дорусозӣ равон карда шудааст. Маводҳои фаъоли биологӣ дар нуқтаҳои фурӯши хӯрокаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шуданд. 

     Дар Парки технологӣ озмуни  “Ихтироъкорони ҷавон”  барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни  хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад. 

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани потенсиали ДМТ, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 

Ба озмун корҳо аз рӯи самтҳо ва равияҳои зерин қабул карда мешаванд:  

– лоиҳаҳои амалӣ дар заминаи технологияи муосир; 

– модернизатсияи (навсозии) ашё ва маҳсулоти муқаррарӣ; 

– лоиҳаҳои амалӣ дар сарулибоси миллӣ, ороишот ва ашёи маишӣ; 

       – технологияи иттилоотиву иртиботӣ.

Барои ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ муқаррар шудаанд: 

Лоиҳаҳои инноватсионии пешниҳодшаванда бояд нав бошанд. 

Низомнома оид ба гузаронидани озмуни “Ихтирокорони ҷавон”  бо қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 9 марти соли 2013, № 08 тасдиқ шудааст. 

Оид ба таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, технологияи компютерӣ ва дӯзандагӣ Парки технологӣ барои гирифтани иҷозатнома, ариза ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Вазорати маорифи ҶТ  пешниҳод намуданд ва баъди ташхис ва омӯзиш аз тарафи кормандони хадамоти Вазорати маориф дар санаи 04.09.2013 №1829 замима ба иҷозатномаи АУ №0000914 гирифта шуд. 

Барномаи таълимӣ оид ба курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, технологияи компютерӣ  ва дӯзандагӣ аз тарафи устодони таҷрибадори кафедраҳои англисӣ, немисӣ, информатика ва кормандони Парки технологӣ тайёр карда шудааст. 

Дар солҳои равон маҳсулоти Парки технологӣ дар намоишгоҳҳои тантанавии дохили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар сатҳи давлатӣ  ба намоиш гузошта шуд. 

Дар баробари корҳои нақшавӣ, кормандони Парки технологӣ мувофиқи пешниҳоди сохторҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва супориши аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ воридшударо сари вақт иҷро менамоянд. 

Вобаста ба пешрафти илму техника ва талабот ба мутахассисони барномасоз кормандони Парки технологӣ барои омӯзиши забонҳои барномасозии нав ба нав дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ барои барномаи ҳукумати электронӣ ҳамарӯза кӯшиш менамоянд.

 

КОРГОҲИ ДОРУҲО

 Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳ шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар асоси ашёҳои ватанӣ аз манбаъҳои табиӣ дастрас ва таҳия карда мешаванд.

Дар баробари корҳои истеҳсолӣ, дар ин коргоҳ донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ машғулиятҳои амалӣ-таҷрибавии худро дар шароити истеҳсолоти воқеъӣ ба ҷо оварда, соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ғайр аз ин, ҳар як корҳои илмӣ-татқиқотие, аз тарафи донишҷӯён, унвонҷӯён ва дигар муҳаққиқони соҳаи дорусозӣ ба ҷо оварда мешавад, метавонад дар шароити коргоҳ меъёргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти коргоҳ барои амалӣ гардидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

Барои шиносои пайдо кардан бо маҳсулоти коргоҳ ба суроғаи зерин дароед.

www.tojpharm.tnu.tj