• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Имрӯз (15.04.2026) дар доири нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар факултети фалсафа ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳидин, сардори Раёсати тарбияи ДМТ Мардихудо Давлатов ва мутахассиси шуъбаи тарбия, котиби...
Имрӯз (15-уми апрел) рӯзи таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ (1878–1954) мебошад. Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти шахсияти барҷаста ва поягузори адабиёти муосири тоҷик дар оромгоҳи устод Садриддин Айнӣ маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Намояндагони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ фаъолона иштирок намуданд....
Имрӯз (14.04.2026) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус, муҳтарам Харитончик Сергей Василевич баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ изҳор доштанд....
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Эмомалӣ Раҳмон Ҳамасола чун анъана дар моҳи апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории Конференсияи илмию назариявии...
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз (11.04.2026) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои...
Имрӯз (11.04.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва омӯзгоорону кормандон тамошои дастаҷамъонаи филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” роҳандозӣ шуд. Муаллифи сенария тавонистааст, ки филмро доир ба ҳаёти як писарбачаи хурдсол бо номи Далер, ки дар яке аз мактаб-интернатҳои кишвар тарбият мегирифт, таҳия намуда, дар он хусусиятҳои инсондӯстӣ, зиракӣ ва дарки баланди худшиносии...
Дар ҳошияи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии тоҷикистон силсилавохӯриҳои маърифатӣ идома доранд. Дар доираи ин ташаббус имрӯз (11.04.2026) вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони Донишгоҳ, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва масъулини кафедраи ҳарбӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддин Эмомалӣ оғоз ёфт. Ӯ зимни баромади худ...
Соли шашум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 январи соли 2025, таҳти №АП-710) дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои...
Дар доираи силсилаи вохӯриҳои маърифатӣ, ки бо иштироки масъулини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбии донишгоҳ баргузор мегарданд, масъалаҳои муҳими худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин нақш ва аҳамияти парчам ва парчамбардорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин вохӯриҳо дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ шудааст Дар вохӯрии навбатӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент...
Имрӯз (08.04.2026) силсилавохӯриҳои маърифатӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ шудааст, бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М., декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, профессори Донишгоҳ Мақсудзода Б., мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С. ва садорати факултетҳои журналистика, физика, баҳисобгирӣ ва...

Эълонҳо