Домой Блог
Имрӯз (18.03.2026) бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Интихоби касб, инноватсия ва рақамикунонии таҳсилот: вазъият ва дурнамо» бо иштироки васеи муҳаққиқон ва омӯзгорони соҳаи педагогика баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аҳамияти рушди...
Имрӯз (17.03.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз доир гардид.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Зикр шуд, ки Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
Ҳамасола чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишасте бо довталабон, яъне хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо баргузор мегардад. Имрӯз (16.03.2026) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ДМТ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин нишаст омӯзгорону хамткунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони Литсейи...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбаладии сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз саҳифаи нави ҳамкориҳо дар таърихи муносибатҳои дӯстона сабт мегардад.
13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Форуми сеюми...
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири бузурги форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин, бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ...
Аз дафтари ёддошт
БА ЛУТФУ МАРҲАМАТ ДИЛҲО НИГАҲ ДОР
Вобаста ба аҳаммияти забондонӣ, муомила ва корбарӣ бо корпуси дипломатӣ, як рӯйдоди ҷолиб дар хотирам мондааст.
Ман охирҳои моҳи феврали соли 1997 ба Сафорат омада будам. 8-уми марти ҳамин сол дастгоҳи Раисҷумҳури Эрон мушовирони корпуси дипломатиро даъват кард.
Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.
Рушди босуръати иқтисодӣ ва тағйиру ташаккули тафаккури созанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равнақи илм ва ихтирооту кашфиёт-фановарӣ муқаррар карда мешавад. Бино бар ин, азбар намудани донишҳои замонавӣ дар рушди кишварҳо нақши аввалиндараҷа дошта, дар ташаккули маърифати ҷомеа таъсири амиқ мерасонад ва ба ҳамин васила, мавқеъ ва...
Имрӯз (10.03.2026) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо аъзои ду шурои нави диссертатсионии назди Донишгоҳ: шурои адабиётшиносӣ (аз нав) ва шурои рӯзноманигорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори...
Имрӯз (07.03.2026) зимни баргузории ҷаласаи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба садорати факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои хоҷагӣ вобаста ба фаъолияти бахшҳои хӯроки умумӣ ва марказҳои савдо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба назорати фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва таъмини риояи қонунгузории кишвар дар...
Имрӯз (04.03.2026) бахшида ба Рӯзи модар дар толори асосии Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои...















