• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти гуногуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо роҳбарияти сохторҳои марбутаи муассиса баргузор гардида истодаанд. Дар доираи ин иқдом имрӯз (21.04.2026) вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ бо муовинони деканҳо оид ба илм, таълим, тарбия, масъулини Литсейи равияи табиию...
Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва неруи солими онҳо барои давлату миллат муҳим аст. Эмомалӣ Раҳмон Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (21.04.2026) бо...
Имрӯз (21.04.2026) директори таҳсилоти Коллеҷи Фитсвиллями Донишгоҳи Кембриҷ доктор Маҳбод Ғаффорӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омӯзиши забони форсӣ, такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани малакаи донишҷӯёни ихтисоси забони форсиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи...
20-уми апрели соли 2026 дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ниҳоии озмуни “Шоҳномахонӣ” бо забони чинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 80 нафар довталаб иштирок намуданд. Дар озмун намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла Ҳан Дон Чи -котиби генералии Иттиҳодияи чинӣ дар Тоҷикистон; Ян Хуэй - директори Маркази тиббии ташхису табобати Тоҷикистону Чин; Чэн Чанпин...
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорои хусусияти бисёрсамта буда, ҳамкориҳои мутавозинро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Дар доираи сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сохторҳои дахлдори кишвар баҳри татбиқи онҳо чораҳои судманд меандешад. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар...
Имрӯз (20.04.2026) дар ҷаласаи васеъи ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон натиҷаҳои Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир ба аҳаммияти баргузории конференсияи...
Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем. Эмомалӣ Раҳмон Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои...
Рушди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар сарчашма мегирад. Дар доираи сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақа пайваста чораҳои судманд меандешад. Дар доираи ин сиёсат санаи 15-17 апрели соли ҷорӣ...
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ бо кишварҳои хориҷӣ пайваста чораҳои муассирро меандешад.Бо мақсади табодул ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта ҳамеша устодону донишҷӯёнро ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати бардошти такмили ихтисос ва табодули таҷриба сафарбар менамояд. Бо мақсади ҷавобгӯ сохтани ихтисосҳои амалкунанда ба талаботҳои...
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (17.04.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Эълонҳо