• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири бузурги форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин, бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ...
Аз дафтари ёддошт БА ЛУТФУ МАРҲАМАТ ДИЛҲО НИГАҲ ДОР Вобаста ба аҳаммияти забондонӣ, муомила ва корбарӣ бо корпуси дипломатӣ, як рӯйдоди ҷолиб дар хотирам мондааст.   Ман охирҳои моҳи феврали соли 1997 ба Сафорат омада будам.     8-уми марти ҳамин сол дастгоҳи Раисҷумҳури Эрон мушовирони корпуси дипломатиро даъват кард.
 Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуръати иқтисодӣ ва тағйиру ташаккули тафаккури созанда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равнақи илм ва ихтирооту кашфиёт-фановарӣ муқаррар карда мешавад. Бино бар ин, азбар намудани донишҳои замонавӣ дар рушди кишварҳо нақши аввалиндараҷа дошта, дар ташаккули маърифати ҷомеа таъсири амиқ мерасонад ва ба ҳамин васила, мавқеъ ва...
Имрӯз (10.03.2026) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо аъзои ду шурои нави диссертатсионии назди Донишгоҳ: шурои адабиётшиносӣ (аз нав) ва шурои рӯзноманигорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори...
Имрӯз (07.03.2026) зимни баргузории ҷаласаи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба садорати факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои хоҷагӣ вобаста ба фаъолияти бахшҳои хӯроки умумӣ ва марказҳои савдо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба назорати фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва таъмини риояи қонунгузории кишвар дар...
Имрӯз (04.03.2026) бахшида ба Рӯзи модар дар толори асосии Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои...
Имрӯз (03.03.2026) дар пояи кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодону муҳаққиқон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои институтсионалии таҳқиқи иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисод, дотсент Мустафо Ҷоналоев ифтитоҳ бахшида, аҳаммияти таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамиро дар шароити муосир махсус таъкид намуд. Зикр...
Имрӯз (03.03.2026) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ, химия ва тиббӣ бо ёрдамчии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Омина Шуҳратзода ва сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур1-и шаҳри Душанбе, полковник Давлатзода Нурзод баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори Раёсати тарбияи Донишгоҳ Мардихудо Давлатов оғоз...
Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт: – Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст. Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.
Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд. Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд. Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз...

Эълонҳо