Домой Блог
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ДТИБКОМТОК) назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар ин замина, Донишкада бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар “Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои кормандони Сарраёсати иҷрои...
(САФАРИ КОРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДМТ БО МТО БЕЛОРУС БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС)
Дар доираи барномаи "Профессори даъватшуда" декани факультети муштараки ДМТ бо МТО Беларус дотсент Одиназода Сафаргул Атабек дар Институти давлатии байналмилалии экологӣ ба номи Сахаров аз санаи 18 май то 23 май даъват гардида аз фанни моделсозии математикӣ ва компютерии системаҳои экологӣ дарсҳои...
Имрӯз (21.05.2026) бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба маросими ба Ватан баргардондани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши...
Бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи миллат эҳёи тоза ёфта, ҷойгоҳи шоистаи худро дар зеҳну шуури ҷомеа соҳиб гардидаанд. Яке аз иқдомҳои муҳим ва таърихии Пешвои миллат ба Ватан овардани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат...
Имрӯз, (20.05.2026) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети филологияи рус конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пайвандагӣ ва навоварӣ дар забони русӣ дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, рӯзҳои 11–13 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон: ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор» ва III Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дипломатӣ: фарҳанги муколамаи осоишта» баргузор...
Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо курси такмили ихтисос аз рӯи равияи забони англисӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ташкили курси мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгорон ба талаботи муосири низоми таҳсилоти байналмилалӣ...
Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз (15.05.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети филология конфересияи байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – Қаҳрамони Тоҷикистон ва арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои шоир» доир гардид.
Дар кори конференсия...
Имрӯз (14.05.2026) дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии омӯзиши забони англисӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейтрин Смиттон вохӯрӣ анҷом доданд.
Нахуст меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар осорхона экспонатҳои давраи...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён, омӯзгорон...















