ҶАМЪОМАДҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

732

Имрӯз (16.11.2020) бахшида ба Рӯзи Президент – 16-уми ноябр дар ДМТ чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. оғоз ёфт.

Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент И.Т.Маҳмудов дар робита ба Рӯзи Президент ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар суханронӣ намуд.

Баъдан барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Бахтиёр Иброҳим ва Нобовар Чаноров пешкаши тамошобинон гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба ин муносибат дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва молиявию иқтисодӣ ҳамоишҳои гуногун доир гардид.