БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТ

821

Имрӯз (18.09.2021) дар толори асосии ДМТ ҷаласа дар робита ба фаъолияти Бюрои иттифоқи касабаи кормандони раёсати донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва намояндагони раёсатҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.

Раиси Бюрои иттифоқи касабаи кормандони Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аброров Н.С. дар робита ба фаъолияти ҳафтсолаи кумита маълумот дода, таъкид дошт, ки бюро фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, идораҳои дахлдор, садорати факултетҳо, дар самти ҳифзи ҳуқуқи устодону кормандон, беҳтар намудани шароити истиқомат, сафарбар намудани онҳо барои истироҳату табобат дар санатория ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки Бюро дар давоми фаъолият зиёда аз 50 ҷаласа баргузор намуда, дар онҳо зиёда аз 120 масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, нисбат ба ҳар яки он қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд. Ба унвони раиси Бюро дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзои иттифоқи касаба зиёда аз 70 аризаю дархостҳо ва пешниҳодҳо ворид ва муроҷиат карда шудаанд, ки бештари онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аксарияташон ҳалли худро ёфтанд.

Зимни баррасии ҳисобот таъкид шуд, ки аъзои иттифоқи касаба бинобар сабаби мусибати оилавӣ ё вазнин будани вазъи иқтисодии оилавӣ бо пешниҳоди Бюро аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касаба кӯмакпулии якдафъаина ҷудо карда шудааст. То 1-уми июли соли 2021 барои барқарор намудани саломатии кормандон ва аҳли оилаи онҳо дар асоси аризаи аъзои иттифоқи касаба роҳхат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамзамон, роҳхат барои фарзандони кормандон ба лагери бачагонаи беруназшаҳрии «Чайка» ҷудо карда шуд.

Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита ҳисобида шуд. Бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ Бюрои кумитаи иттифоқи касабаи кормандони раёсати донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ иштироки фаъол доштанд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, илмӣ, тарбиявӣ миёни устодону кормандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар интиҳо ҳисоботи раиси Бюрои иттифоқи касабаи кормандони Раёсати донишгоҳ Аброров Н.С. қаноатбахш ҳисобида шуда, аз ҳисоби раёсатҳо нафарони дигар узви Бюро интихоб гардиданд.