ИҚДОМИ НАВ ДАР САМТИ ҚАДРДОНИИ ДАСТОВАРДҲОИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

412

Имрӯзҳо дар самтҳои илму таълимӣ ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, пайваста дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла зимни баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Имрӯз (31.05.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд. Таъкид шуд, ки имрӯз иқдоми дигари раёсати донишгоҳ роҳандозӣ шуд, ки ин ҳам баланд бардоштани мукофотпулиҳо мебошад ва минбаъд ба устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дода мешавад.

Ҳамин тавр, дастовардҳо аз рӯйи самтҳои зерин муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

РОҲБАРИЯТ. Роҳбарияти ДМТ барои иштироки фаъолонаи дастаи донишгоҳ дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои илмӣ бо Сипосномаву Ифтихономаҳои сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуд.

ИЛМ. Зимнан ба як зумра омӯзгорону кормандони донишгоҳ, ки рисолаҳои илмии хешро бо муваффақият дифоъ намуда буданд, шаҳодатномаҳои номзадию докторӣ дода шуд.

ҚАДРДОНӢ. Як зумра иштирокчиёни олимпиадаю озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва роҳбарони илмии онҳо бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

ВАРЗИШ. Дастовардҳои зумрае аз донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гирифтаанд, муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, ки навгониҳо дар ҳама самт, аз ҷумла самтҳои илму таълим ва тарбия: иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ зиёд буда, устодону кормандон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.