ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ НАНОТЕХНОЛОГИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

1051

Имрӯз (20.10.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба густариш додани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва омӯзиши технологияи нави замонавӣ табодули афкор намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки дастгоҳҳои наву замонавие, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ зимни сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллӣ туҳфа намуданд, беҳтарин иқдом дар масири ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ шуда метавонад. Гуфта шуд, ки дастгоҳҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ибтикори сафири муҳтарам Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба роҳ монда шуд.

 Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ барои истифодаи дастгоҳҳои туҳфашуда шароити мусоидро фароҳам оварда, дар пояи Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ Озмоишгоҳи нанотехнология таъсис дод. Дар робита ба ин бо дастгирии сафорат коршиноси бахши нанотехнология аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайн Гилонӣ давоми як ҳафта ба Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ даъват шуда, ҷараёни фаъолияти дастгоҳҳоро ба мутасаддиёни Институт омӯзонид. «Ин иқдом орзуи деринаи устодони риштаи табиатшиносӣ буда, дар самти амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) мусоидат менамояд»- афзуд ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х..

Баъд аз мулоқот сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ Озмоишгоҳи нанотехнологияро дар пояи Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ифтитоҳ намуданд.

Гуфта шуд, ки дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои таҳқиқи илмҳои табиӣ, аз ҷумла илмҳои химия, физика, геология ва биология судманд мебошад. Дастгоҳҳо аз «Электроспиннинги як насоса» (Electrospinning), «Спатеринги рӯйи мизӣ» (Desktop Sputtering), «Инфиҷори электрикии сим» (EEW), «Спектрофотометри нури дугона» (Dual beam spestpophotometer), «Гомогенизатори ултрасадои 400 Вт» (Ultrasonic homogenizer) ва «Осиёби сайёра» (Planetaru Ball Mill) иборат буда, функсияҳои нодири илмӣ-техникиро иҷро менамоянд.

Зимнан таъкид шуд, ки нанотехнология дар Эрон аз соли 2001 рушд ёфта, кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсолоти нанотехнология ҷойи чорумро ишғол менамояд.