ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР МАЪРАКАҲОИ СИЁСӢ

845

 Санаи 12-уми феврал дар толори калони бинои асосии ДМТ XIII Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раисони филиалҳои «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» ва ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Д. оид ба татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллии насли ҷавони кишвар, густариши рукнҳои давлатдории миллӣ ва татбиқи бомароми сиёсати созандаи Пешвои миллат суханронӣ намуд.

Сипас аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирализода М. оид ба саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ суханронӣ намуд.