ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ – ЭНЕРГЕТИКӢ

39

«Расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб меравад ва баробари эҷоду ҳифзи ҳалқаи ягонаи энергетикӣ, аз миён бурдани хавфи парокандагии системаи ягонаи энергетики кишвару манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии он дар маҷмӯъ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ низ хеле муҳимму арзишманд мебошад». Ин нуктаро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ М. Саидмуродова дар семинари илмӣ-ҷумҳуриявие, ки дар факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ дар таъмини ҳадафҳои берунииқтисодии ҶТ» баргузор гардид, баён дошт.

Дар семинар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону муҳаққиқони риштаи иқтисодии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи нишаст маърузаҳо ироа намуданд