Кафедраи сотсиология

Мудири кафедра

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Баҳромбеков Далер Амадбекович

Кафедраи сотсиология соли 2005 таъсис ёфтааст. Роҳбарии  кафедраро аз рузи таъсисёбӣ доктори илми сотсиология, профессор, узви вобастаи АУ ҶТ Шоисматуллоев Шоназар ба зима дошт. Айни замон мудирии кафедра ба зимаи н.и.ф., дотсент Баҳромбеков Д. вогузор шудааст.

Айни ҳол дар кафедра шаш нафар устодон: н.иф., дотсент  В.А. Баҳромбеков, н.и.ф., муаллимаи калон.Г.Э.Бекназарова, н.и.ф., муаллимаи калонБ.А. Насурова, саромӯзгорон М. Абдуллоева, А. Барфиев, ассистентон  Ф.Миров, М. Комилова, М.Таваллоев, К. Шоев, Н. Шоев ва аспирантон М. Ботурова,  А. Шоисматуллоева, Н. Бобохонова,  ки  њамаашон  ихтисоси базавии сотсиологӣ доранд, таҳти роҳбарии профессор Ш. Шоисматуллоев, профессор Идиев Х. ва дотсент Баҳромбеков В.  пурсамар фаъолият мекунанд. Кафедра бо маркази стратегии назди президенти  ҶТ, институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ, факултети сотсиологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Институти сотсиологии АИ Россия, марказҳои таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало»,  «Панорама» ва «Афкор»-и шаҳри Душанбе ҳамкории фаъол   дорад.

Кафедра тахассусӣ буда,  ягона муассисаи таълимие дар Тоҷикистон мебошад, ки ба тайёр намудани муттахассисони соҳаи сотсиология муваззаф шудааст. Мутахассисони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халк ба ҳайси таҳлилгар – ҷомеашинос фаъолият менамоянд. Инчунин онҳо дар макотиби олии кишвар ба ҳайси устод фаъолият карда, дар самти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 100 %-и хатмкунандагони ин ихтисос дар бозори меҳнат харидори худро доранд ва ба кор таъмин мешаванд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

1.    Баҳромбеков Д. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

2.    Шоисматуллоев Ш. – доктори илмҳои сотсиологӣ. профессор, аъзо-корреспонденти АИ ҶТ;

3.    Абдуллоева М. м/к;

4.    Барфиев А. – м/к;

5.    Миров Ф. – ассистен;

6.    Шоев К. – ассистент;

7.    Таваллоев М. – ассистент;

8.    Шоев Н. – ассистент;

9.    Комилова М. – ассистент;

10.Ахмедова У. – ассистент;

11.Муҳаммадқодири Н. – ассистент;

12.Салимова Ш. – лаборанти кафедра.