Кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 1-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии олам» баргузор намояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
- низоми сиёсии олам: воқеият, тартибот ва тамоюлҳои инкишоф;
- сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва самтҳои ташаккули он;
- Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсати ҷаҳонӣ;
- мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии олами муосир;
- мақоми Тоҷикистон дар инкишофи геополитикии минтақа;
- Тоҷикистон ва равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва глобалӣ;
- масъалаҳо ва пешомади ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон.
Талаботи пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
– саҳифаи А 4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1.5 см, боло ва поён 2 см;
– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;
– сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;
– сатри дуюм – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
– сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ 1 баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуюм саҳифаи он мебошанд;
– ҳаҷми матни маърӯза бо рӯйхати адабиёт набояд аз 8 саҳифа кам бошад.
– ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ бошанд.
– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд;
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 1-уми июни соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводе, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 15-уми июни соли 2023 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои №15).
Телефон: +992 939 41 17 00; +992 006 66 84 40. Почтаи электронӣ: munisu71@mail.ru