Муовини ректор оид ба тарбия

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Ҷамила Мирзо

Раҳмонзода Ҷамил Мирзо 20 майи соли 1964 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) таваллуд шудааст. Таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Норак анҷом додааст. Соли 1983 ба факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси филолог-журналист хатм намудааст.
Раҳмонзода Ҷамила Мирзо аз соли 1983 корро ба сифати лаборанти шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В.И.Ленин сар карда, баъдан ба сифати лаборанти калони кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик (1985-1989), лаборанти калони кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР кор кардааст.
Соли 2004 ба вазифаи методисти шуъбаи рӯзонаи факултети журналистика ва тарҷумонӣ ба кор пазируфта шуд, солҳои 2005-2007 ассистент, ҳамзамон аз 31 майи соли 2007 то 26 декбари 2007 муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 2007 то соли 2011 муовини декан оид ба таълим ва соли 2011 дар вазифаи мудири кафедраи телевизион ва радишунавонӣ кор кардааст.
Номбурда аз соли 2007 аъзои Шӯрои олимони факултети журналистикаи донишгоҳ ва аз соли 2011 то ҳол аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2012 то ҳол ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия, ҳамзамон дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика кор ва фаъолият менамояд.
Натиҷаи фаъолияти илмию ҷамъиятии Раҳмонзода Ҷ.М. дар зиёда аз 80 мақолаҳо ва фишурдаи мақолаҳо, 3-то дастури таълимӣ, зиёда аз 20-силлабус ва барномаҳои курсҳои тахассусӣ ва умумӣ инъикос гардидааст.
Бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “20-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон”, ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ”, ифтихорномаҳои ҲХДТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардида, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Раҳмонзода Ҷамила Мирзо таҳти роҳбарии профессор А.Саъдуллоев дар мавзӯи “Проблемагузорӣ дар публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов” тадқиқоти илмӣ бурда, соли 2010 онро бомуваффақият дифоъ намудааст. Зиёда аз 40 рисолаҳои дипломӣ, як рисолаи номзадӣ таҳти роҳбарии ӯ дифоъ гардидаст ва дигар рисолаҳои номзадӣ барои дифоъ омода мебошанд.
Муаллифи китобҳои “Воқеият ва публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов”,“Ҷаҳони муосир: мавқеи симо ва садо”,“Хосияти публитсистика” ва чандин мақолаҳо дар маҷмуаҳои илмӣ ва дастаҷамъӣ мебошад.
Раҳмонзода Ҷамила Мирзо бо тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар сафарбар намудани устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.