Назарияи иқтисодӣ

366

Мудир – А. Комилов, дотсент

Кафедраи ба таҳқиқу омӯзиши равандҳои муосири тараққиёти иқтисодиёт ва проблемаҳои муҳимтарини назарияи иқтисодӣ ва иқтисоди миллӣ равона шудааст. Нуфузу эътибори кафедраро дар солиёни гуногун профессорон Р. Юсуфбеков, Ҳ. Аъзамқулов, М. Мамадназарбеков, Л. Саидмуродов, И. Давлатов, Б. Исоматов, Т. Усмонова, Д. Қодиров, Д. Қандиёрова, Ф. Обидов, Д. Гулмирзоев, дотсентон М. Худоиев, Р. Мирбобоев, Б. Шукуров, К. Ризоев, М. Мирзошарифов, Қ. Одинаев, М. Саидмуродова, Ш. Қодиров, О. Раҳимов, Д. Фозилхонов, И. Хоркашев ва дигарон баланд нигоҳ доштаанд. Айни ҳол дар кафедра докторони илм, номзадони илм, ассистентон ва аспиранту унвонҷӯён машғули кор мебошанд. Бояд қайд намуд, ки тайи 5 соли зиёда аз 20 нафар рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ намуданд.

Саҳми кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ дар таҳқиқи масоили гуногуни рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва механизми муносибатҳои ҳамгироии иқтисодӣ хеле назаррас аст.