ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ КАЛОНСОЛОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ КАЛОНСОЛОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 17; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1486)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— андрагогика – соҳаи илм, фанни таълимӣ, ки хусусият, шакл ва усулҳои таҳсилоти калонсолонро муайян мекунад;

— андрагог – мутахассиси дорои маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати махсус, ки калонсолонро бо назардошти хусусиятҳои хоси таълимӣ ва синнусолии онҳо меомӯзонад;

— валидатсия – эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ, новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо ва аз рӯи натиҷаҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома);

— курс – шакли таҳсилоти иловагӣ, ки тибқи он дар доираи барномаҳои муайянгардида шунавандагон дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти касбии муайянро ба даст меоранд;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон – муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, қобилият, маҳорат ва касбомӯзии калонсолон равона гардидаанд;

— низоми таҳсилоти муттасил – низоми муассисаҳои таълимии расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ якҷоя бо шаклҳои гуногуни фаъолияти худомӯзӣ, ки барои шахсони синну соли гуногун дар тӯли ҳаёти онҳо гирифтани таҳсилотро таъмин менамояд;

— салоҳияти касбӣ – қобилияти ба кор бурдани дониш, малака ва маҳорат, амали бомуваффақиятона дар асоси таҷриба  ҳангомиҳалли вазифаҳои умумӣ ё соҳаи муайян;

— таҳсилот дар тӯли ҳаёт – таҳсил, мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, малака, маҳорат ва салоҳияти касбӣ аз ҷониби шахс дар тамоми умр;

— таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кумаки он калонсолон салоҳияти касбӣ, қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро барои қонеъ гардонидани талаботи  худ ва ҷомеа интихоб менамоянд;

— таҳсилоти расмии калонсолон – раванди муттасили таълим, ба даст овардани салоҳияти касбии таълимгирандаи калонсол дар муассисаҳои таълимии аз қайди давлатӣ гузашта;

— таҳсилоти ғайрирасмӣ – раванди таълимии берун аз муассисаи таълимии таҳсилоти расмӣҷараёнгиранда, ки додани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар назар надошта, бо неруи зарурӣ  ба шароитҳои гуногуни фазоӣ ва вақт фавран мутобиқ шудан, дархостҳои таълимгирандагони синну соли гуногун, рӯоварӣ ба талаботи  умумӣ ва шахсии онҳо бо мақсади мутобиқ шудан ба шароитҳои тағйирёбандаи ҳаёт, инчунин худинкишофии эҷодӣ;

— таҳсилоти ғайриасосӣ – азхудкунии номуташаккил ва хусусияти мақсаднок надоштаи таҷрибаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар  фаъолиятиҳаётии ҳамарӯзаи шахс амалӣ мегардад ва аз хусусияти асосии раванди ба таври дидактикӣ (шакл ва усулҳои таълим) ташкилшуда (дар оила, кор, иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ)  маҳрум аст;

— таълимгиранда – хонанда, донишҷӯ, шунаванда, коромӯз ва шогирд;

— таълимгирандаи калонсол – шахси болиғи қобили амали аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ инкишофёфта, ки дорои мустақилияти иқтисодӣ  буда, ба рафтораш худ эҳсоси масъулият дорад;

— худомӯзӣ – ба даст овардани дониш, малака, маҳорат ва салоҳият бо роҳи машғулиятҳои мустақилона бе кумаки омӯзгор.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти калонсолон

  1. Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба вазъи имрӯза, меҳнати касбӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.
  2. Таҳсилоти калонсолон мусоидат менамояд ба:

— инкишофи қобилияти мустақилона, дар гурӯҳ ё дар шароити таълимоти муташаккил дар муассисаҳои таълимии барои ин мақсад махсус таъсисдодашуда ба даст овардани дониш ва салоҳияти нав, ки ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият мусоидат мекунад;

— таъмини бошуурона ва самаранок дохилшавии шахс ба меҳнат бо роҳи пешниҳоди таҳсилоти касбӣ-техникӣ, инчунин инкишофи қобилияти мустақилона ё дар гурӯҳ офаридани неъматҳои нави моддӣ ва арзишҳои нави ботинӣ ё эстетикӣ.

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон

Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон инҳо мебошанд:

— васеъ намудани имконияти интихоб ва қонеъ гардонидани талаботи калонсолон ба таҳсилот ва таъмини сифати хизматрасонии таълимӣ;

— фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс ва васеъ намудани иштироки калонсолон дар раванди таҳсил;

— қонеъ гардондани талаботи калонсолон дар интихоб ва омӯзиши касб, малака, маҳорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки барои фаъолияти бомуваффақияти меҳнатӣ зарур мебошанд;

— фароҳам овардани шароит барои эътирофи салоҳият, дониш, малака ва маҳорати калонсолон новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо;

— таъмини калонсолон бо салоҳияти касбии барои фаъолияти самаранок зарур;

— мусоидат ба таълимгирандаи калонсол дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ки фаъолияти самаранокро дар ҷомеа таъмин менамояд;

— ғанӣ гардондани дониш, малака ва маҳорати барои калонсол муҳим, ки ба шахси калонсол барои қонеъ гардондани талаботи таълимӣ зарур мебошад;

— қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо кадрҳо;

— рушди таҳсилоти калонсолон ҳамчун низоми ягонаи таъминкунандаи кафолати ҳуқуқи ҳар як шахс ба таҳсилоти муттасил;

— фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— муҳайё сохтани шароит ва имконият барои таҳсилоти иловагии калонсолон;

— рушди қобилияти хондани мустақилона ва дигаронро омӯзондан.

Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон инҳоянд:

— эътирофи ҳуқуқ ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;

— дастрас ва ихтиёрӣ будани гирифтани таҳсилот;

— муттасилӣ ва пайдарҳамии таҳсилоти калонсолон;

— баҳисобгирии хусусият ва талаботи таълимии гурӯҳҳои гуногуни калонсолон;

— ҳамкорӣ ва шарикии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ;

— дастгирии давлатии соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— мусоидат барои гирифтан ва идома додани таҳсилот ба шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус эҳтиёҷ доранд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил

  1. Шаҳрвандони калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
  2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди калонсол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
  3. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони калонсол ба таҳсил инҳо мебошанд:

— дастрасии баробар ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;

— қонеъ гардондани талаботи гуногуни шахсӣ ба дониш, малака ва маҳорат;

— ғанӣ гардондани донишу малака, ки барои иштироки самаранок дар шаклҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ зарур мебошанд;

— интихоби озоди самти омӯзиш ва муассисаи таълимӣ;

— рухсатии пардохтнашаванда бо нигоҳ доштани ҷойи кор дар давраи таҳсил;

— хизматрасонии таълимии баробар ба шароити таълимгирандагони муассисаҳои таълимии расмӣ.

  1. Калонсолоне, ки бо қарори суд ҳуқуқҳои онҳо маҳдуд карда шудаанд, аз ҳуқуқ ба таҳсил маҳрум шуда наметавонанд. Танҳо тарзи татбиқи он метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣкарда  мешавад.

БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 8. Низоми таҳсилоти калонсолон

Низоми таҳсилоти калонсолон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:

— стандартҳои давлатии таҳсилот;

— таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— барномаҳои таълимӣ;

— шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;

— субъектҳои раванди таълим ва тарбия дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон.

Моддаи 9. Стандартҳои давлатии таҳсилоти калонсолон, таснифоти самт, равия ва

                      ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ

  1. Таҳсилоти калонсолон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон ба роҳ монда мешавад.
  2. Барномаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз рӯи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, иловагӣ ва касбӣ тақсим шуда:

— барои ба даст овардани татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотӣ, баландбардории омодагии касбӣ ва таҳсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо ҳамчун корманд ва мутахассисон равона гардидаанд;

— мундариҷаи таҳсилоти калонсолонро муайян мекунанд;

— аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф  тасдиқ карда мешаванд.

  1. Барномаҳои таълимӣ барои таҳсилоти расмии калонсолон дар асоси дастовардҳои андрагогика мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия карда мешаванд.
  2. Иҷрои стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ҳатмӣ мебошад.
  3. Барои санҷиши технологияҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани мундариҷаи нави таълим, ташкили раванди таълим бо назардошти талаботи махсуси калонсолон (камсаводон, маъюбон ва дигар гурӯҳи калонсолон) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон барномаҳои таълимии махсус таҳия карда мешаванд.
  4. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вогузор карда мешавад.

Моддаи 10. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо назардошти талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ, миллӣ, фарҳангиву таълимии калонсолон дар сурати вуҷуд доштани заминаи зарурӣ таъсис дода мешаванд.

Моддаи 11. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва намудҳои он

  1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар шаклҳои зерин амалӣ месозанд:

— таълимӣ-истеҳсолӣ;

— марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

— марказҳои таълимии иҷтимоӣ-соҳибкорӣ, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ;

— марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;

— марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;

— курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ;

— муассисаҳои бозомӯзии аҳолӣ;

— муассисаҳои такмил, баландбардории ихтисос ва бозомӯзии кормандон.

  1. Таҳсилоти калонсолон метавонад тавассути иштироки калонсолон дар семинарҳои омӯзишӣ, гирифтани таълим аз омӯзгорони алоҳида, шогирдӣ ва омӯзиш дар истеҳсолот, худомӯзӣ амалӣ шавад.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолияти худро метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва илова бар фармоиши давлатӣ мувофиқи шартнома пулакӣ амалӣ созанд.
  3. Намудҳои муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон мувофиқи сатҳ ва самти аз ҷониби онҳо татбиқшавандаи барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
  4. Таҳсилоти калонсолон аз рӯи барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Барои азхудкунии барномаҳои иловагии таълимӣ калонсолон бе пешниҳоди талабот ба сатҳи таҳсилот роҳ дода мешаванд, агар барои татбиқи ин барномаҳои таълимӣ шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
  6. Таҳсилоти калонсолон дар доираи таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагӣ, худомӯзӣ ва таҳсилоти касбӣ, ки имконияти татбиқи ҳуқуқ ба таҳсилотро таъмин менамоянд, ба роҳ монда мешавад.
  7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолият менамоянд:

— таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои таълимӣ;

— таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

— таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (донишкадаҳои такмили ихтисос, академияи таҳсилоти баъдидипломӣ);

— таҳсилоти иловагӣ;

— муассисаву ташкилотҳои дигаре, ки раванди таълими калонсолонро амалӣ менамоянд.

Моддаи 12. Муассиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Муассиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳо шуда метавонанд:

— мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;

— мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Муносибатҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 13. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад ва маълумоти зеринро дар бар мегирад:

— дар бораи ном, мақом ва ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

— дар бораи муассис (муассисон);

— дар бораи санаи таъсис;

— дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

— дар бораи филиалҳо, намояндагиҳо ва зерсохторҳои дигар;

— дар бораи мақсади раванди таълим ва тарбия, намуд ва шакли барномаҳои таълимии ҷоришаванда;

— тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таълим, тартиби хориҷ намудани таълимгиранда, муҳлати таълим, реҷаи кори муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, тартиби дохилии фаъолияти муассиса, ҳамчунин дар бораи расонидани хизматрасонии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо;

— дар бораи тартиби ташкили муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва таълимгирандагон;

— фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла тартиби ташаккул ва истифодаи моликият, сарчашмаи маблағгузорӣ ва таъмини моддиву техникӣ, шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонии пулакӣ;

— тартиби идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;

— ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълим ва тарбия;

— дигар маълумотеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

  1. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолонро муассис (муассисон) таҳия ва тасдиқ мекунад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 14. Идоракунии таҳсилоти калонсолон

  1. Идоракунии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон амалӣ карда мешаванд.
  2. Идоракунии таҳсилоти калонсолон ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти калонсолон, риояи стандартҳои давлатии таҳсилот, татбиқ ва рушди соҳаи таҳсилоти калонсолон мувофиқи талаботи иқтисодиёти бозор ва равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа равона мегардад.

(қисми 3 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

Моддаи 15. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

  1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешавад:

— тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— таъсиси муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»;

— муайян намудани меъёри таъминоти молиявии таҳсилоти калонсолон ва кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон, таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани расмиёти валидатсия;

— амалӣ намудани салоҳияти дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешаванд:

— амалӣ  намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— роҳбарии умумии соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти калонсолон;

— тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти калонсолон;

— татбиқ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон доранд, мансубанд:

— таъмини раванди таҳсилоти касбии калонсолон мувофиқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон, стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, нақша ва барномаҳои таълимии калонсолон;

— ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ, иштирок дар гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва маблағгузории онҳо;

— иштирок дар раванди назорат, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва барҳамдиҳии онҳо бо тартиби муқарраргардида;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон мансубанд:

— мусоидат дар ташкили муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;

— таъмини ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— расонидани кумаки молиявӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 16. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо мақсади татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва таъмини сифати таҳсилот аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилоти калонсолон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар тобеияти онҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, амалӣ мешавад.
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти расмии калонсолон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— иҷозатномадиҳӣ;

— аттестатсияи давлатӣ;

— баҳогузории фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

— назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон.

Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи таҳсилоти калонсолон

  1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳогузории ҳолат ва тамоюли рушд дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки бо таҳсилоти калонсолон машғуланд, уҳдадоранд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои омориро пешниҳод намоянд.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон нашри маълумоти оморӣ ва маводи дигарро оид ба ҳолати таҳсилоти калонсолон таъмин менамояд.

БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ, ТАЪМИНОТИ ИЛМИВУ МЕТОДӢ

ВА КАДРИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 18. Самтҳои асосии таҳсилоти калонсолон

Таҳсилоти калонсолон аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мешавад:

— касбӣ, ки аз ҷониби калонсолон ба даст овардани ихтисос, касб, тахассус, дониш, маҳорат ва малака, азхудкунии техникаи муосир ва омодагии техникиро ба фаъолияти меҳнатӣ таъмин менамояд;

— ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки рушди қобилият, бадасторӣ ва такмили малакаҳои амаливу маҳорати калонсолон, азхудкунии донишро аз рӯи касбҳои асосӣ таъмин менамояд; 

— баланд бардоштан ва такмили ихтисос, ки ба баландбардорӣ, такмили дониш, малака ва маҳорати касбӣ мусоидат мекунад;

— бозомӯзии  кадрҳо, ки барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар асоси донишу салоҳияти бадастовардашуда аз рӯи касбҳои доштаашон мусоидат мекунад;

— такмил ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор;

— таҳсилоти иловагии калонсолон, ки гирифтани дониш ва салоҳиятро илова бар таҳсилоти асосӣ ва махсус пешбинӣ менамояд; 

— самтҳои дигари  таҳсил бо назардошти талаботи калонсолон.

Моддаи 19. Шаклҳои ташкили таҳсилоти калонсолон

  1. Таҳсилоти калонсолон дар доираи низоми таҳсилоти муттасил таҳсилоти расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосии бо амалия ва назария асос ёфтаро фаро мегирад.
  2. Таҳсилоти калонсолон ба таври алоҳида, мувофиқи шавқу рағбат, майлу ҳавас, бо назардошти сатҳи таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, синну сол, вазъи саломатӣ дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ, аз қабили машғулият, дарс, лексия, машғулияти алоҳида, конфронс, семинар, хониш, саёҳат, корҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳо ва устохонаҳо, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва дар шаклҳои гуногуни бо нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон пешбинишуда ташкил карда мешавад.
  3. Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳо вобаста ба самт ва имконияти раванди таълим, инчунин тартиби ташкили раванди таълими алоҳида ё гурӯҳӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон муайян карда мешаванд.
  4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагони худ аз рӯи натиҷаи таҳсилоти касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд.
  5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд таҳсилоти фосилавӣ ва расмиёти валидатсияро амалӣ намоянд. Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 20. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолон 

  1. Соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои андрагогика, илму техникаи муосир, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд.
  3. Таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолонро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.

Моддаи 21. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи

                        таҳсилоти калонсолон 

  1. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони соҳаи таҳсилоти калонсолон дар сохтори муассисаҳое ба роҳ монда мешаванд, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро амалӣ менамоянд.
  2. Фаъолияти мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон аз таълимдиҳӣ, маслиҳатдиҳӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва иҷрои вазифаҳои ташкиливу идоракунӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон иборат аст. Соҳаҳои фаъолияти мутахассис инҳоанд:

— омӯзгорӣ;

— илмиву методӣ;

— фарҳангиву маърифатӣ;

— тадқиқотӣ;

— идоракунӣ.

  1. Мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, ки аз омодагии касбӣ гузаштааст, метавонад ба сифати омӯзгори фанни андрагогика, омӯзгор дар муассиса, ташкилот ва корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба сифати мушовир, коршинос, корманди илмӣ ва корманди иҷтимоӣ фаъолият намояд.
  2. Шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ё олии касбӣ ва маҳорати зарурии касбӣ дар соҳаи андрагогика ва педагогика доранд, метавонанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шаванд.
  3. Мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон тибқи тартиби муқарраргардида аз аттестатсия мегузаранд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия сатҳи тахассуси касбии онҳо муайян карда мешавад.
  4. Пурра намудани ҳайати кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба танзим дароварда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон уҳдадоранд, ки барои кормандони нав таълими асосҳои андрагогикаро ба роҳ монанд.
  5. Давлат барои такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон бо роҳи ҷорӣ намудани барномаҳои андрагогика дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд.
  6. Барои рушд ва такмили таъминоти илмиву методии таҳсилоти калонсолон иттиҳодияҳои таълимиву методӣ ва иттиҳодияҳои дигар таъсис дода шуда метавонанд.
  7. Такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон на камтар аз як маротиба дар панҷ сол аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 22. Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии

                        таҳсилоти калонсолон   

Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:   

— таълимгирандагон;

— таълимгирандагони калонсол;

— кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;

— намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар амалисозии раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 23. Мақоми таълимгирандаи калонсол

Ба сифати таълимгирандаи калонсол субъектҳои фаъолияти таълим, ки дорои қобилияти амал мебошанд ва ба соҳаи меҳнати музднок ҷалб гардидаанд, бекорон, маъюбони калонсол, хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиёт ҷавобшуда, шахсоне, ки дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум адои ҷазо менамоянд, муҳоҷирон ва таълимгирандагон эътироф карда мешаванд. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол инчунин шахсоне тааллуқ доранд, ки бо ягон сабаб мақоми корманди маошгирандаро аз даст додаанд.

Моддаи 24. Гурӯҳҳои таълимгирандагони калонсол

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ва иттиҳодияҳои онҳо фаъолиятро бо назардошти манфиатҳо ва талаботҳои таълимии гурӯҳҳои зерини аҳолии калонсол ба роҳ мемонанд: 

— кормандони соҳаи меҳнати касбӣ;

— бекорон;

— шахсоне, ки муваққатан кор намекунанд;

— шахсоне, ки  бо хонакорӣ машғуланд;

— шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнати фардӣ машғуланд;

— шахсоне, ки ба соҳаи меҳнати касбӣ баъди танаффуси дарозмуддат баргаштаанд; 

— нафақахӯрон аз рӯи вазъи саломатӣ (маъюбон);

— муҳоҷироне, ки аз давлат ва минтақаҳои дигар баргаштаанд ва ё барои истиқомати доимӣ омадаанд; 

— шахсоне, ки нияти иваз кардани касб ва ё соҳаи машғулиятро доранд ё аллакай онҳоро иваз кардаанд.

Моддаи 25. Ҳайати таълимгирандагони калонсолон ва ҳуқуқҳои онҳо

  1. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол дохил мешаванд:

— таълимгирандагони коргаре, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ шабона ва ғоибона  мехонанд; 

— таълимгирандагони шуъбаҳои шабона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; 

— таълимгирандагоне, ки дар ҷойи кор касб меомӯзанд (шогирдӣ);

— шунавандагони курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос;

— шахсоне, ки азнавтайёркуниро барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар мегузаранд;

— шахсоне, ки касби навро дар шакли гузаштани курсҳо ё шакли дигар аз худ мекунанд; 

— иштирокчиёни барномаҳои нақшавии таҳсил; 

— иштирокчиёни барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмии самтҳои гуногун; 

— шахсоне, ки ба худомӯзӣ машғуланд.

  1. Таълимгирандагони калонсол ҳуқуқ доранд ба:

— истифодаи адабиёт, маводи дастуруламалӣ, таҷҳизоти таълимӣ ва воситаҳои иттилоотиву техникӣ;

— эътирофи расмии тахассус, касб, дониш, салоҳият, маҳорату малака, ки бо роҳи ғайрирасмӣ ва дар асоси таҷрибаи фаъолияти касбӣ ба даст оварда шудаанд; 

— ғамхорӣ, кумак ва мусоидат аз ҷониби хадамоти иҷтимоии дахлдор ба таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;

— интихоби муассисаи таълимӣ;

— фароҳам овардани шароит барои таълим бо назардошти хусусияти инкишофи рӯҳиву ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ;

— гузаштан ба муассисаи таълимии дигар барои идома додани таҳсилот аз рӯи касб, ихтисос, равия, омодагӣ ё шакли дигари таълим бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор шудан барои идомаи таҳсил дар муассисаи таълимие, ки барномаҳои таълимии сатҳи дахлдорро амалӣ менамояд;  

— иштирок дар идоракунии раванди таълими муассисаи таълимӣ; 

— шикоят кардан аз болои санадҳои муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— истифодаи ройгони захираҳои китобхона ва захираҳои иттилоотӣ, махзани таълимӣ, таҷрибавӣ ва илмии муассисаи таълимӣ;

— якҷоя бо фаъолияти меҳнатӣ гирифтани таҳсилот бе зарар барои азхудкунии барномаи таълимӣ, иҷрои нақшаи инфиродии таълим; 

— гирифтани таҳсилоти босифат новобаста ба шакл ва намуди ташкили фаъолияти таълимӣ мувофиқи мақсад ва вазифаҳои барномаҳои татбиқшаванда; 

— баҳогузории объективии дониш, малака ва салоҳият аз рӯи фанҳои ба барномаи таълимӣ дохил кардашуда ва дастрасии озод ба маълумот оид ба баҳогузории  дастовардҳои шахсӣ;

— иштироки озод дар машғулиятҳое, ки дар нақшаи таълимӣ пешбинӣ нашудаанд.

Моддаи 26. Кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Ба ҳайати кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон кормандони соҳаи омӯзгорӣ (мутахассисон, омӯзгорон, андрагогҳо, устоҳои таълимӣ) ва кормандони дигар, ки ба раванди таълиму тарбия ҷалб гардидаанд, дохил мешаванд. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дорои ҳуқуқ, имтиёз, кафолати иҷтимоӣ, уҳдадорӣ, масъулиятҳое мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ муқаррар карда шудаанд.
  2. Дар сурати ба кор қабул кардани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва роҳбарӣ афзалият ба шахсоне дода мешавад, ки дорои таҷрибаи кории кофӣ бо таълимгирандагони калонсол, сертификат дар бораи муваффақона гузаштан аз курси таълимӣ аз рӯи барномаҳое, ки дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти кор бо таълимгирандагони калонсолро медиҳанд, мебошанд.

Моддаи 27. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

                       дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон   

  1. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, Оинномаи муассиса ва Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва калонсолон муайян карда мешаванд.
  2. Давлат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро ҳифз менамояд ва ташкили таҳсили шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоат, серфарзанд ва маъюбонро таъмин менамояд.
  3. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ҳуқуқ ба имтиёзҳое доранд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ

ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 28. Фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимии

                          таҳсилоти калонсолон

  1. Муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби муассис (муассисон) маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон метавонанд инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шаванд.
  3. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:

— маблағҳое, ки муассисон ҷудо мекунанд;

— маблағҳои корхона, муассиса ва ташкилотҳо (илмиву техникӣ, таълимӣ, фаъолияти дигари соҳибкорӣ, тиҷоратӣ);

— грантҳои мақсадноки фондҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва дигар намудҳои грантҳо;

— маблағҳое, ки аз гузаронидани чорабиниҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ ба даст оварда мешаванд;

— даромад аз фаъолияти ноширӣ;

— маблағҳои сарпарастон, маблағгузориҳои хайриявӣ, туҳфаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— маблағҳое, ки муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон барои хизматрасонии иловагии таълимӣ, кор, иҷрои дархости корхона, муассиса, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ ба даст меоранд, ҳамчунин фоида аз фурӯши маҳсулоти худӣ;

— кумакҳо.

Моддаи 29. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот, воситаҳои алоқа, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва молу мулки дигари манқул ва ғайриманқул дохил мешаванд.
  2. Барои пешбурди раванди таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот ва объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
  3. Талабот ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи меъёрҳои дахлдори сохтмонӣ ва моддию техникӣ, қоида ва стандартҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
  4. Ҳуқуқи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба истифодаи қитъаи замине, ки дар ҳудуди ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  5. Молу мулки муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассис (муассисон) танҳо бо мақсади дар Оиннома пешбинӣ гардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон истифода шуда метавонанд.
  6. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо мақсади ба манфиатҳои раванди таълим мухолиф манъ аст.

Моддаи 30. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хизматрасонии пулакиро амалӣ намоянд.

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Моддаи 31. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

Мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳуқуқ доранд, ки дар бораи ҳамкории байналмилалӣ созишномаҳо банданд, бо мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ робитаҳои бевосита барқарор намоянд.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

           №1394