Озмун: Навоварон ва ихтироъкорон

132

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12-ноябри соли 2019, №171131 (22.7) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии ҶТ барои солҳои 2014-2020» Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» баргузор менамояд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-сину соли иштирокчӣ то 30 сола;

 -нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома; -тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

-маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар мавод дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 30 июни соли 2020 муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 222-21-53, 985-32-10-02, 93-512-92-74

Почтаи электронӣ: ozmun@ncpi.tj

Суроға: шаҳри Душанбе, к. Айнӣ 14а, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ.