• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 15
Имрӯз (15.12.2023) муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбаладии...
(Суҳбати Шарифзода Ҷавҳарӣ бо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” - Шоира Давлатзода) Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли якум аст баргузор гардид, дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон зарур дониста шудааст. Дар Озмун...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷаъмбасти сесияи нимсолаи якуми соли хониш мавриди баррасӣ қарор гирифт. “Мудирони кафедраҳо барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобастагии зиёд...
Чунончи қаблан иттилоъ дода будем, санаи 12-13 декабри соли равон дар шаҳри Москва аввалин Форуми байналмилалии "Екатиринский Форум-2023" баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф дар мавзуи "Нақши ДМТ барои амалишавии такмили таълим ва омӯзиши...
Санаи 12-13 декабр дар шаҳри Москва аввалин Форуми байналмилалӣ “Екатеринский Форум-2023” баргузор гардид. Дар ин Ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Вазорати корҳои хориҷии Россия, мутахассисони байналмилалӣ, коршиносони варзида иштирок доштанд. Дар кори ин чорабинӣ дар маҷмуъ 600 нафар ширкат карданд, ки аз ин шумора 70 нафар аз хориҷи дуру наздик ва беш аз 500 нафар аз...
Имрӯз (13.12.2023) дар толори ТСО- и шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли...
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Мубориза ва муқовимат бо коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Бо ин...
Санаи 8 декабри соли равон бори аввал дар Тоҷикистон аз ҷониби БРСММ (UNDP) "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат" дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи БРСММ (UNDP) "Дастгирии таҳсилоти ҳуқуқии занон дар Тоҷикистон" Бозии кории судии соли 2023 дар ҳошияи "Рӯзи ҳуқуқи инсон" баргузор гардид. Дар озмун дастаҳо аз 5 донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии...
Баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ маҳсуб меёбад. Дар доираи нақшаи фаъолияти донишкада курси такмили ихтисоси тахассусӣ аз рӯйи равияи ҳуқуқшиносӣ, ки барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти...
Имрӯз баъд аз ифтитоҳи озмоишгоҳҳои таълимии “Конҳои канданиҳои фоиданок” ва “Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология” дар пояи факултети геологияи донишгоҳ дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсийи назди донишгоҳ ҳамоиши илмӣ бахшида ба Иди касбии геологҳо баргузор гардид.Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону кормандони факултетҳои марбутаи донишгоҳ иштирок доштанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода...

Эълонҳо