• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 169
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДМТ, ки санаи 31-уми март баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадршиносӣ намуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети филологияи рус Мухаметов Ғ.Б. - шаҳодатномаи профессорӣ, ба декани факултети журналистика Исматов С. - шаҳодатномаи дотсентӣ,...
Ба таваҷҷуҳи муҳасилини донишгоҳ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Ҳазар (Озорбойҷон) дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо ДМТ озмуни дарёфти бурсияҳоро барои донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва хатмкунандагон барои солҳои хониши 2020 – 2021 эълон менамояд. Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: ДархостАриза барои стипендияАттестат (бакалавр) ва диплом (магистр)ТранскриптАсоснокии сафарРезюмеМаълумотномаи тиббӣНусхаи шиносномаи хориҷӣСертификати забондонӣ (доштани сертификати TOEFL...
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи устодону кормандон мерасонад, ки Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав дар доираи барномаи таълимии "Омӯзонидани усулҳои таълим ба муҳандисон" устодону кормандонро барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос даъват менамояд. Донишгоҳ устодонро бо макони зист ва маводи хониш таъмин менамояд. Дигар намуди хароҷотҳо ба барнома дохил набуда, аз ҳисоби...
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешавад. Ин нуктаро санаи 31-уми марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултети журналистикаи ДМТ иброз намуд. ...
Имрӯз (28.03.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати молиявию хоҷагӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Сипас С. Низомов, д.и.и., мудири...
Имрӯз (19.03.2020) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба...
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ дар арафаи ҳар ҷашну ид ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон кумаки моддиву ғизоӣ мерасонад. Дар ҳамин росто дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду биринҷ, шакар,...
14 марти соли 2020 дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих дар мавзӯи «Суннатҳои Сомониён ва таъсиргузории он дар фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия муаррихон,...
Дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” бо ибтикори садорати факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Дурнамои рушди энергетикаи плазмавӣ» ҷамъомади васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст декани факултети молиявию иқтисодӣ И.С. Шамсов суханронӣ...
Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати кадбонугии бонувон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷӯён озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Зан-оинаи рӯзгор» доир намуд. Санаи 13-уми март...

Эълонҳо