• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 2
Дар ҷаласаи васеи навбатии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки имрӯз (01.06.2026) баргузор гардид, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оид ба фаъолияти самтҳои гуногуни сохторҳои Донишгоҳ суханронӣ намуда, зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома нахуст ба муҳтавои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз 23-юми майи соли...
Дар замони муосир, ки даврони рушди бесобиқаи технология, илм ва эътирофи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад, мавҷудияти падидае ба мисли савдои одамон на танҳо мояи таассуф, балки як доғи сиёҳ дар виҷдони инсоният аст. Савдои одамон, ки онро аксаран «ғуломии муосир» ном мебаранд, яке аз шаклҳои палидтарин ва даромадноктарини ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мебошад. Он пас аз қочоқи маводи...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ДТИБКОМТОК) назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саҳми арзандаи худро мегузорад. Дар ин замина, Донишкада бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар “Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои кормандони Сарраёсати иҷрои...
Асри XXI бо рушди бесобиқаи технология, илм, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва равандҳои демократӣ дар таърихи инсоният сабт шудааст. Аммо, сарфи назар аз ин дастовардҳои бузург, ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол бо як падидаи нангин ва ваҳшатноке рӯ ба рӯст, ки шаъну шарафи инсониро поймол мекунад. Ин падида савдои одамон мебошад, ки онро ба таври ҳаққонӣ «ғуломдории муосир» меноманд.
Савдои одамон дар шароити муосир ба яке аз шаклҳои ҷиддӣ ва босуръат афзоишёбандаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ин намуди ҷиноят барои шабакаҳои ҷиноӣ манбаи муҳими даромад ба ҳисоб рафта, аксар вақт бо дигар намудҳои фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла қочоқи муҳоҷирон, маводи мухаддир ва аслиҳа алоқаманд мебошад.Тибқи баҳодиҳии коршиносон, Иттиҳоди Аврупо ба яке аз минтақаҳои асосии қабули...
(САФАРИ КОРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДМТ БО МТО БЕЛОРУС БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС) Дар доираи барномаи "Профессори даъватшуда" декани факультети муштараки ДМТ бо МТО Беларус дотсент Одиназода Сафаргул Атабек дар Институти давлатии байналмилалии экологӣ ба номи Сахаров аз санаи 18 май то 23 май даъват гардида аз фанни моделсозии математикӣ ва компютерии системаҳои экологӣ дарсҳои...
Имрӯз (21.05.2026) бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба маросими ба Ватан баргардондани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши...
Бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи миллат эҳёи тоза ёфта, ҷойгоҳи шоистаи худро дар зеҳну шуури ҷомеа соҳиб гардидаанд. Яке аз иқдомҳои муҳим ва таърихии Пешвои миллат ба Ватан овардани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат...
Имрӯз, (20.05.2026) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети филологияи рус конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пайвандагӣ ва навоварӣ дар забони русӣ дар даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конференсия омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, рӯзҳои 11–13 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон: ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор» ва III Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дипломатӣ: фарҳанги муколамаи осоишта» баргузор...

Эълонҳо