• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 3
Имрӯз (26.09.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳ бо ёвари сафорати Олмон дар Тоҷикистон Штефан Волфрум ва роҳбари нави минтақавии Хадамоти табодули академии Олмон (DAAD), хонум Гизела Тсиммерманн баргузор гардид. Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Олмон густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон буда,...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи забони хитоӣ гузаронид. Санаи 25.09.2025 маросими тақдими дипломҳо баргузор гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмиллалии...
Имрӯз (24.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар толори Шурои олимони факултети таърих вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва таърихии Донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯриҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, огоҳ кардани...
БА ТАВАҶҶУҲИ УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ! Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №АП-862 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик як қатор чорабиниҳои омодагӣ ва маҳфилҳои илмӣ-бадеиро роҳандозӣ намудаанд. Маҳфилҳои омӯзишӣ таҳти роҳбарии устодони варзида ва соҳибтаҷрибаи факултет...
Дар ҷаласаи васеи навбатии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э. С. доир ба фаъолияти самтҳои мухталифи сохторҳои Донишгоҳ суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтарсозии сатҳу сифати фаъолиятҳои илмию таълимӣ, тарбиявӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба...
Дар сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи муҳим дорад. Бинобар ин, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2019, №438 тасдиқ гардидааст.
Имрӯз масъулин ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ дар Фестивал-намоишгоҳи либоси миллӣ таҳти унвони "Ганҷинаи мерос", ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги миллӣ, махсусан либоси миллӣ, баланд бардоштани...
Имрӯз (16.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ курси омӯзишии “Зан – сарвар” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки ходими давлатӣ ва собиқадори меҳнат Сабоҳат Раҳимзода таҳти унвони “Саҳми ходимони давлатӣ дар рушди соҳаи маориф” доир шуд. Сабоҳат Раҳимзода зимни суханронии худ таъкид...
Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ин пешгирӣ кардани онҳо мебошад. Пешгирӣ кардан ин нафақат вазифаи давлат аст, балки ҳар як шаҳрванд бояд дар он фаъолона ширкат варзад. Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба...
08.09.2025 18.00 шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям. Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин...

Эълонҳо