СӮГВОРӢ

112

Шевану нола, дарду ғам ва лаҳзаҳои фироқу сӯг ҳама вақт барои инсоният, барои насли одамӣ дар ҳар давру замон шарик будаю гӯиё думболгири ҳаёти инсонист. Ин амал рӯзҳои охир аз гузашти устодони соҳибтарҷрибаи донишгоҳ эҳсос шуд, ки устодон аз ҷаҳони хокиён ба олами улвӣ пайвастаанд…

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,

Аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.

Устодони зерини донишгоҳ аз ҷумлаи олимони муваффақе буданд, ки дар нишебу фарози зиндагӣ ҷавононро дар рӯҳияи илмдӯстию ватанпарастӣ ба воя расониданд ва мактаби бузургеро эҷод намудаанд. Гузашти онҳо талафоти бузург дар илм мебошад.

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз марги устодони зерини донишгоҳ андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони онҳо изҳори тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика;

Мустафоқулов Раҳмонқул, доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии факултети механикаю математика;

 Абдуллоев Ҳабибулло, доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физика;

Усмонов Раҳматҷон, доктори илмҳои химия, профессори кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиё;

Мирзохонов Сириҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ;

Қодиров Ғанӣ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети механикаю математика;

Солиев Фатто, номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи терапеяи факултети тиббӣ;

Олимшоев Расул, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ;

Шагадаева Тамара, муаллими калони кафедраи адабиёти ҷаҳони факултети филологияи рус;

Васканян Телман, мудири синфхонаи шашкаю шоҳмоти донишгоҳ.