САФАР БА ПАЖӮҲИШГОҲИ ГУРҶИСТОН

56

Имрӯзҳо Маркази биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо марказҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ равобити судманд дорад. Марказ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ амал намуда, табодули роҳбарияту кормандони он хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар чорчӯбаи ин ҳамкориҳо имконияти иҷрои корҳои илмиву тадҳиқотии натанҳо кормандони марказ, балки донишҷӯёни ихтисоси биотехнологияи донишгоҳ пайдо гардид.

Дар доираи лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиологияи бунёдӣ ва татбиқӣ» корманди илмии Маркази биотехнология Ҷӯраева М.М. ва донишҷӯи соли 5-уми ихтисоси биотехнологияи факултети биология Рустамова М.Р. (роҳбари илмияш Бобоҷонова Х.И.)  аз 12 ноябр то 28 декабри соли 2018 дар Пажӯҳишгоҳи бактериофаг, микробиология ва вирусологияи ба номи Г. Элиаваи, ш. Тбилиси Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доштанд. Дар ин муддат корҳои илмию тадқиқотиро бо роҳбарии мутахассиси пажӯҳишгоҳи мазкур Е. Ҷаянӣ гузарониданд. Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкориҳо роҳбари Маркази биотехнологияи донишгоҳ Бобоҷонова Х.И. аз 16 то 24 декабри соли 2018 ба Пажӯҳишгоҳи мазкур сафар намуда, зимни мулоқот бо роҳбарият ва масъулини пажӯҳишгоҳ «Шартонома»-и дуҷониба миёни Маркази биотехнологияи ДМТ ва пажӯҳишгоҳи мазкурро ба имзо расонид. Инчунин, дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони пажӯҳишгоҳ дар робита ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ, хусусан дар самти табодули кормандону донишҷӯён ва натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии онҳо маърӯза намуд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази биотехнология дар самти татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, маблағгузории лоиҳа дар ҳама самтҳо, хусусан дар самти сарфаи роҳ назаррас мебошад.