СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ВА ДОНИШГОҲҲОИ УКРАИНА БА ИМЗО РАСИДАНД

Имрӯз (31.03.2021) дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф омада, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва дигар шахсони масъул мулоқот намуданд. Дар мулоқот