ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ-ЭНЕРГЕТИКӢ

55

Таърихан Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун кишварҳои ҳавҷавор муносибат ва умумиятҳои ба худ хос доранд. Мардуми сарбаланди ҳар ду кишвар асрҳои аср дар паҳлуи ҳам зиста, робитаи фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ногусастанӣ доранд. Солҳои охир бо талошҳои бевоситаи сарони ҳарду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити мутақобилаи миёни ҳар ду давлат ба зинаи сифатан нав баромада, айни замон омили муҳимтарини таҳкими дӯстии байни халқҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи барои ҳарду тараф судманд мебошад.

 Дар муддати чанд соли охир зимни сафарҳои расмию давлатии ҳарду ҷониб ва густариши ҳамкориҳои гуногунсамту гуногунмазмун як қатор санадҳои ҳамкорӣ, махсусан Созишномаи ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд, ки имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судмандро муҳайё сохт. Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳо аст, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо тағйироти муайян мувоҷеҳ шуданд. Ин аст, ки тибқи таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар солҳои 2016-2019 ба ҳисоби миёна ҳар сол 211 млн.долл. ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии ин нишондиҳанда дар давраи таҳлилшаванда ба 846,3 млн.долл. ИМА расид. Алҳол Ӯзбекистон шарики панҷуми мо дар гардиши савдои хориҷӣ мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар баробари ҳамкориҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳим ва дорои иқтидори бузурги тавсеа ин ҳамкориҳо дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ мебошад. Ба андешаи мо, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа метавонад на танҳо ба рушди ҳарду кишвар, балки ба рушди минтақа дар умум мусоидат кунад. Ҳоло аз дастовардҳои натиҷаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар ҳарф зада бояд қайд намуд, ки дар ин давра бунёди таҳкурсии устувори рушди ҳамкориҳо дар ҳама бахшу соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Бахусус, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи иқтидори мавҷудаи захиравӣ, махсусан иқтидорҳои обию энергетикӣ-ҳамчун омили рушди иқтисодиву иҷтимоии байни кишварҳо басо назаррас арзёбӣ мегардад.

Чуноне ки маълум аст, имрӯз кишварҳои ҷаҳони муосир ба истеҳсоли неруи барқи аз сарчашмаҳои барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза рӯ оварда истодааанд. Дар худи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки алҳол то 130 миллиард кВт. соат неруи барқ аз тамоми сарчашмаҳо истеҳсол мешавад, барои пурра қаноатманд намудани талаботи соҳаҳои хоҷагии халқи минтақа басанда нест. Ба ақидаи коршиносон дар ин минтақа баъд аз соли 2020 соле 180 миллиард кВт. соат ва баъд аз соли 2025 бошад, зиёда аз 200 миллиард кВт. соат неруи барқ ба истифодабарандагон лозим меояд. Аз ин рӯ, таъмини чунин талаботи суръатфизои тамоми категорияи истеъмолкунандагон бо неруи барқ боназардошти татбиқи принсипҳои муҳими иқтисоди сабз дар минтақа, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикиро боз ҳам мубрам мегардонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти амалисозии иҷрои протоколҳои ба имзо расидаи байнидавлатӣ гардиши тиҷоратии байни ду кишвар, махсусан содироти неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ва гази табиӣ зиёда аз 50%-ро дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ ташкил дода, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва сохтори содирот бо тадриҷ васеъ мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2019 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи 30995 ҳаз.долл. ИМА неруи барқ ба фуруш бароварда шудааст. Дар доираи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти истифодаи комплексии захираҳои обиву энергетикӣ, ҳар ду ҷониб дар хусуси сохта ба истифода додани ду НБО бо тавоноии 320 МВт дар дарёи Зарафшон, инчунин, омӯзиши масоили истифодаи захираҳои обии кӯли Сарез барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ қарор қабул карда шуд. Гарчанде дар самтҳои калидии робитаҳои иқтисодии ду кишвар пешравии назаррас ба даст омада бошад ҳам, бо вуҷуди ин масъалаҳои баланд бардоштани самараноки истифодаи захираҳои мавҷудаи обиву энергетикӣ амалисозии фаъолиятро дар самтҳои зерин тақозо мекунад: – бо назардошти амалисозии ҳадафҳои комплекси энергетикии дар доираи барномаи дарозмудатти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне СМР-2030 зарурати васеъсозии доираи ҷуғрофии бозори фурӯши барқро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, тақвияти иқтидори содиротии фурӯши барқ ба бозори ҳамсоя барои ҳар ду ҷониб самараи синергетикӣ хоҳад дод; – яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ин татбиқи Лоиҳаҳои инвеститсионии байнидавлатӣ мебошад, ки имконият медиҳад бо бунёд намудани иншоотҳои бузург на танҳо масоили таъмини неруи барқ, балки обёрии заминҳои кишоварзии ҳарду давлат ҳал карда шавад; – бахши барқ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ҳиссаи хароҷоти неруи барқ дар ҳаҷми умумии ММД 60% -ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, аз сабаби мавҷуд набудани манбаъҳои худ, Тоҷикистон тақрибан 70% эҳтиёҷоти худро ба захираҳои сӯзишворӣ аз ҳисоби воридоти гарон фаро мегирад. Ҳамасола, барои рушди маҷмӯи сӯзишворӣ-барқӣ зиёда аз 15% тамоми буҷети давлатии кишвар ё зиёда аз 300 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки ин нишондиҳанда то дараҷаи зарурӣ барои азхудкунии он иқтидори нодири гидроэнергетикии кишвар нокифоя мебошад. Аз ин рӯ, бо ҷалби сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои бунёд ва ба кор андохтани НБО муаммои норасоии неруи барқро барои ҳар ду кишвар дар тамоми фасли сол аз байн бурдан имконпазир аст; -таҳияи стратегияи баланд бардоштани тахассуси мутахассисони соҳаи энергетика дар асоси ба роҳ мондани табодули ҳамкориҳо бо институтҳои илимиву таҳқиқотии соҳавӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа бо истифода аз иқтидори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар.

Ба дастовардҳои назаррас маҳдуд нагардида, дар интиҳо ҳамин нуктаро бояд таъкид намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иқтидор ва имкониятҳои ҳамкорҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз он ҷумла дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ бениҳоят калон буда, таҳия харитаи роҳ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки сатҳи муносибатҳо ба зинаи сифатан нав бароварда шавад.

Садриддин Чоршанбиев,

ассистенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ