ТАШКИЛИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ЗАРУР АСТ…

336

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳо бо устодону кормандони факултети таърих мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои илм, таълим, тарбия ва хоҷагидории факултет мавриди таҳлил қарор гирифт. Зимнан гуфта шуд, ки дар фаъолияти факултет як қатор мушкилиҳо дида мешавад, ки ҳалли онҳо ба фоидаи кор мебошанд. Таҳияи барномаҳои нави таълимӣ, назорати ҷиддии рафти таҷрибаомӯзӣ ва натиҷаи корҳои илмии донишҷӯён, баргузории семинару ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар робита ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла нуктаи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва назорати ҷараёни низоми фосилавӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигардидаи нишасти мазкур буд.

Ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти сохторҳои ҷамъиятии факултет, аз ҷумла бахши ҷавонон, занон ва сарпарастон камбудиҳоеро гӯшрас намуд, ки бартараф намудани онҳо ба кулли устодону кормандони факултет вобаста аст: Интизоми меҳнат, сару либоси ягонаи донишҷўён, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ ва ғ..

Дар интиҳо ректори донишгоҳ ба садорат ва коллективи устодон дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод.