УСТОДОНУ КОРМАНДОН СОҲИБИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ГАРДИДАНД…

609

Субҳи имрӯз (09.06.2022) дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хобгоҳи №1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баъд аз таъмири капиталӣ барои 30 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Содиқӣ Насиба Нуруллозода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони ҲХДТ ва масъулони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи вижаи Роҳбарияти олии кишвар ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Имрӯз донишгоҳ ба ҳайси муассисаи таълимии бунёдии кишвар дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ барои донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ саҳмгузор мебошад. Ҳоло дар донишгоҳ мутахассисони варзида аз ҷумлаи ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, ки дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ нестанд.

Бо ин мақсад баъд аз таъмири капиталии хобгоҳ ва азнавсозии он раёсати донишгоҳ барои 30 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавон хонаҳои хизматиро барои истифода омода намуд.

Хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1976 дар масоҳати умумии 1788,0 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2022 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ фаъолият намудааст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои хобгоҳи иборат аз 12 ошёна барои зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ сохта ба истифода дода шуд (22.01.2021). Баъдан донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи №1 истиқомат менамуданд, ба хобгоҳи нав кӯчонида шуданд.

Хобгоҳи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” – “Оид ба санҷиши ҳолати техники иншоот”, ки дар таърихи 26.06.2021 дода шудааст, сифати бинои мазкур ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯ буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷӯён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омӯзгорон баъди азнавсозӣ имконпазир аст. Қобили тазаккур аст, ки бинои хобгоҳ минбаъд хусусӣ гардонида нашуда, ҳамчун хобгоҳи хизматии омӯзгорону кормандон дар тавозуни донишгоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Дар маросими баистифодадиҳии хобгоҳи мазкур меҳмононро намояндагони донишгоҳ самимона истиқбол гирифта, дар саҳни хобгоҳ аз ҷониби фарзандони истиқоматкунандагон шеърҳо қироат шуданд. Баъдан меҳмонон аз чанд хонаҳои истиқоматӣ боздид намуда, ба шарту шароитҳои ҳуҷраҳо ва корҳои азнавсозӣ баҳои баланд доданд.

Дар саҳни бинои мазкур дар фазои тантанавӣ калиди хонаҳо ба истиқоматкунандагон супорида шуд ва истиқоматкунандагон ба дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иқдоми неки роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ изҳори сипос намуданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сатториён М. А. зимни суханронӣ бошандагони хобгоҳро табрик намуда, афзуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст ва дастгирии ин қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.

Зимнан гуфта шуд, ки табдил додани хобгоҳи мазкур ба бинои истиқоматӣ ва супоридани ҳуҷраҳои он ба омӯзгорон ва кормандони ҷавони донишгоҳ ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.