ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САРЧАШМАИ ТАМОМИ КОМЁБИҲОСТ!

294

Воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз устувории Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, халқи Ватани азизамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ба фардои рўзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона ва бо эътимоди қавӣ назар менамояд. Имрўз бо шарофати таҳкими Ваҳдати миллӣ сулҳу суботи комил ва фазои орому беғубор дар диёри Тоҷикистони азиз ҳукмфармо буда, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми кишвар боло рафта, Тоҷикистон ба сўи амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад. Таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардҳои ин даврон эътибору мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар заминаи арзишҳои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтирому ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад, заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурў ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Боиси хурсандист, ки имрўзҳо дар тамоми гушаю канори Тоҷикистон бузургтарин ҷашни миллӣ, чорабинии муҳимми сиёсӣ– Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 25-соли пойдории Ваҳдати миллӣ дар самти таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст.

Маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ, мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерўи созандагию бунёдкорӣ Товҷикистони азизи худро дар қатори давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷой дода метавонем. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки «Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст». Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад, зеро Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муфид ривоҷ ёфта, нақшу нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ боло равад. Ҳамин аст, ки имрўз ҷомеаи ҷањонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақ ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Ваҳдати миллии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони кишвари азизамонро ба муносибати ин ҷашни фархунда, Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти созандаашон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

ПОЯНДА БОД ВАҲДАТИ МИЛЛӢ!

Ҳусниддин САИДОВ, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент