ВОХӮРӢ: МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

806

Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар робита ба бандҳои мухталифи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” чораҳои зарурӣ андешида, миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудааст. Ҳамин аст, ки бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси шуъбаи тарбияи донишгоҳ як зумра вохӯриҳои судманд доир мегардад. Аз ҷумла, имрӯз (13.04.2022) чунин вохӯрии судманд бо иштироки Аҳмадзода Фирдавс – муовини сардори Шуъбаи моликияти зеҳнии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримов Камолиддин – омӯзгор ва рӯзноманигори мустақил дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултетҳои иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ баргузор гардид.Чорабинии тарбиявиро мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади баргузории вохӯрӣ суханронӣ кард.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми самти пешгирии содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, таъсири манфии нашъамандӣ, бемории ВНМО-БПМО, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ғ. таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар охири чорабинӣ миёни меҳмонон ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт ва пешниҳод шуд, ки чунин вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бояд миёни муҳассилин бештар роҳандозӣ гардад ва ин гуна суҳбатҳо дар самти такмили донишҳои сиёсӣ такони ҷиддӣ мебахшад.