Маълумотнома оид ба рафти амалигардонии Лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ”
Лоиҳаи Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон номгузорӣ шуда, маблағи он 2 464 985,00 (ду миллиону чорсаду шасту чор ҳазору нуҳсаду ҳаштоду панҷ) сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин 77591 (ҳафтоду ҳафт ҳазору панҷсаду навадуяк) сомониашро маблағгузории донишгоҳ ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳаро беҳтаргардонии раванди таълим ва беҳтаргардонии ба кор таъминшавии хатмкунандагон ба воситаи ҳамкории донишгоҳ бо корфармоён ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори шуд. Таърихи 25.09.2019 Вазорати маориф ва илм ҳамчун ҳамоҳангсози асосӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Созишномаи гранти таҳти №20/1-2 ба имзо расонид. Мутобиқан Лоиҳаи мазкур расман аз 1.10.2019 оғоз гардида амалӣ он 24 моҳро дар бар мегирад.
Аз оғози корӣ лоиҳавӣ то ҳол аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа корҳои зерин ба анҷом ранида шуданд:
- Бо фармони Ректори донишгоҳ гуруҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуд, ки ҳоло фаъолияти лоиҳавиро пеш бурда истодаанд;
- Макони ҷойгиршавии Маркази инноватсионӣ ва Маркази касбият интихоб гардиданд. Вобаста ба ин Санадҳои ноқис (дефектный акт) аз ҷониби Шуъбаи сохтмони асосӣ тартиб дода шуданд;
- Дар бораи интихоби роҳбарони Марказҳо ба воситаи сомонаи донишгоҳ озмун эълон карда шуданд;
- Ҳуҷҷатҳои молиявӣ ҷиҳати қабули транши аввали маблағгузорӣ омода ва пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла Нақшаи харид, Реҷаи азхудкунии воситаҳои молиявӣ ва Нақшаи татбиқи лоиҳа омода ва тасдиқ карда шуданд. Мукотиба бо Вазорати молия барои кушодани Суратҳисоби алоҳида дар бонкҳои хусусӣ барои танзими ҷараёни молиявии Лоиҳаҳо амали шуда истодаанд;
- Супоришҳои техники вобаста ба ҷалби мутахассисон ва мушовирон ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа коркард шудаистдаанд;
- Ҳуҷҷатҳои молиявӣ, супоришҳои техникӣ ва тавсифҳои техникӣ барои омода ва баргузор намудани тендерҳо ва харидҳои озод аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа ва шуъбаи хариди мол, кор ва хизматрасониҳо омода шудаистодаанд.
Презентация аз руи Равзанаи 1 — ДМТ
prezentacija-az-rui-ravzanai-1-dmt-1-1Лоиҳаи Муҳити бароҳати таълимӣ – калиди бомуваффақияти таҳсилот номгузорӣ шуда, маблағи он 373 306,00 (сесаду ҳафтодусе ҳазору сесаду шаш) сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин 10873 (даҳ ҳазору ҳашсаду ҳафтодусе) сомониашро маблағгузории донишгоҳ ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳаро фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию зиндагӣ барои донишҷӯдухтарони дар хобгоҳи №7 донишгоҳ истиқомадошта, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо бо роҳи беҳтар намудани шароити иқомати духтарон дар хобгоҳ, дастгирии духтарон дар самти худинкишофёбӣ ва ташаккули малакаҳо барои васеъ кардани имкониятҳои ба кор таъминшавӣ ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори шуд. Таърихи 25.09.2019 Вазорати маориф ва илм ҳамчун ҳамоҳангсози асосӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Созишномаи гранти таҳти №11/2-2 ба имзо расонид. Мутобиқан Лоиҳаи мазкур расман аз 1.10.2019 оғоз гардида амалӣ он 10 моҳро дар бар мегирад.
Аз оғози корӣ лоиҳавӣ то ҳол аз ҷониби гуруҳи татбиқи лоиҳа корҳои зерин ба анҷом ранида шуданд:
- Бо фармони Ректори донишгоҳ гуруҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуд, ки ҳоло фаъолияти лоиҳавиро пеш бурда истодаанд;
- Корҳои омодагӣ ҷиҳати таъмири хурди ошёнаи якуми хобгоҳи №7 рафта истодаанд, ки вобаста ба ин Санади ноқис (дефектный акт) аз ҷониби Шуъбаи сохтмони асосӣ тартиб дода шуданд;