ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН ДАР ЗАМИНАИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАН-САРВАР»

132

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан-сарвар” ба роҳ монда шудааст, ки дар курси мазкур бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо шомил мебошанд.

Ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии «Зан-сарвар», пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносии занону духтарон, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Имрӯз (06.06.2024) дар даври ҷамъбастии курси омӯзишии “Зан-сарвар” ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иштирок намуд. Инчунин, дар вохӯрӣ зумрае аз роҳбарони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва устодону кормандон ширкат варзиданд. Зимнан таъкид гардид, ки мақсад аз вохӯрии мазкур ҳавасмандгардонии бонувон, беҳтар гардонидани силсилавохӯриҳои курси мазкур ва иштироки фаъоли бонувон дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳию ҷумҳуриявӣ мебошад.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ташаккулёбии ниҳоди сарварии занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии давлат буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Зеро заминагузории оғози ин раванд сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба қувваи созандаи зан – модари тоҷик эътимоди комил дошта, бо ташаббуси худ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кушиш намуданд, фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд. Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мавқеи онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии қишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки мо ба марҳилаи рушд рафта истодаем.

Дар идомаи вохӯрӣ зумрае аз устодон, аз ҷумла декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ, декани факултети журналистика Бахтиёри Қутбиддин, декани факултети фалсафа Хуҷамурод Сафарализода ва мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот Хайрулло Мирзамонзода дар робита ба мавқеи бонувон дар адабиёт ва нақши онҳо дар рушди ҷомеа, инчунин, мавқеи сиёсии занон дар рушди давлатдорӣ суханронӣ намуда, баҳри фаъолияти минбаъдаи курси омӯзишии “Зан-сарвар” тавсияҳои мушаххас доданд.

Вохӯрии мазкур бо тақтими Ифтихорномаҳо ба як зумра аз бонувони фаъоли Донишгоҳ ва супоридани Шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси мазкур хотима ёфт. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда курси омӯзишии “Зан-сарвар” бо иштироки занони фаъоли ҷумҳурӣ баргузор мегардад.